Михаил Мишустин, сарвазири Русия рӯзи 3-юми феврал гуфт, хориҷиҳои гирифтори вируси навро мумкин аст, аз Русия ихроҷ кунанд.
Ба иттилои расонаҳо, то субҳи 3-юми феврал танҳо дар Чин 17 ҳазору 238 тан ба коронавируси 2019-nCoV гирифтор ва 361 тани дигар аз ин вирус фавтидааст. Рӯзи 2-юми феврал шаҳрванди 44-солаи Филиппин аз гирифторӣ ба ин вирус фавтид. Ин нахустин фавт аз вируси нав дар берун аз Чин аст.
Дар Русия ҳафтаи гузашта табибон ду ҳолати гирифторӣ ба вируси навро сабт карданд. Ҳар ду гирифторон шаҳрвандони Чин ҳастанд.
Рӯзи 30-юми январ Русия ба далели паҳншавии вируси нав марзҳояшро бо Чин баст.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҷаласаи фаврии рӯзи 30-юми январ дар робита ба авҷи вируси нави чинӣ вазъи фақулоддаи ҷаҳонӣ эълом кард.