Дар шаҳри Оҳангарони вилояти Тошканди Узбекистон 3-юми январ занеро боздошт карданд, ки мехост, тифли семоҳаашро 400 доллар фурӯшад.
Дар ин бора Раёсати мубориза бо терроризм ва экстремизми Вазорати корҳои дохилии Узбекистон рӯзи 7-уми январ иттилоъ додааст.
Тифлро ба бемористони кӯдаконаи шаҳри Оҳангарон супурдаанд.
Дар рафти тафтишот маълум шуд, ки зани боздоштшуда сокини Оҳангарон буда, муваққатан бекор аст. Дар нисбати ӯ бо банди "Хариду фурӯши шахси ноболиғ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин банд аз 8 то 19 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.