Фуруди изтирории ҳавопаймои Душанбе - Маскав дар Самара
Расонаҳои Русия рӯзи 21-уми август навиштанд, ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки вазъи саломати як духтари сездаҳсола бад шуд. Вай аз дарди қалб шикоят кардааст.
Ба навиштаи вебсайти "Оренбург Медиа" вазъият зери назорат аст. Мошини “Ёри таъҷилӣ” духтарро ба бемористон бурдааст.
Дар бораи вазъи саломатии кӯдак иттилои дигаре дардаст нест. Шахсияташ ҳам эълон нашудааст.