Добавить новость
World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Август
2019

Новости за 21.08.2019

Ozodi.org 

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор

Деҳаи Лайрони боло дар 70-километрии ноҳияи Сангвор ҷойгир буда, дар ин деҳа 12 хоҷагӣ зиндагӣ мекунанд. Деҳаи ман дорои табиати хушманзару ҳавои тозаву кӯҳҳои сар ба фалак кашида аст. Деҳаи ман ягона деҳае аст, ки ягон техника ё автомошина надорад.

Ozodi.org 

"Ин мушкили худатон аст". Изҳороти баҳсбарангези Назарбоев дар бораи занони серфарзанд

Изҳороти Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури пешини Қазоқистон, дар бораи оилаҳои серфарзанд мавриди интиқоди бисёриҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Онҳо мегӯянд, "раҳбари муттаҳам дар фасоду коррупсия аз баландиҳои мақомаш мушкили қишри ниёзмандтарини ҷомеаро дарк карда наметавонад".

Ozodi.org 

Муовини Помпео ва вазири хориҷии Тоҷикистон аз чӣ гуфтанд?

Девид Ҳейл, муовини котиби давлатии Амрико дар масоили сиёсӣ, бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кардааст. Суҳбати онҳо рӯзи 21-уми август дар шаҳри Нурсултон (Остонаи собиқ) дар чаҳорчӯби нишасти С5+1 (панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико) сурат гирифт. Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мулоқот "вазъ ва дурнамои муносибатҳои Душанбеву Вашингтон ва рушди робитаҳо" баррасӣ шуд. Сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон навишт, ки "тарафҳо масъалаи рушди минтақавӣ ва... Читать дальше...

Ozodi.org 

Зариф аз иқдомҳои "пешгӯинашаванда"-и Эрон ҳушдор дод

Эрон мегӯяд, ба паймони паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ (NPT) содиқ мемонад, аммо сиёсати "пешгӯинашаванда"-и президенти Амрико Доналд Трамп метавонад посухҳои монандро аз Теҳрон талаб кунад. Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи 21-уми август дар Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Тадқиқоти Сулҳи Стокҳолм (SIPRI) ҳамсоягони худро огоҳ кард, ки "хароҷоти зиёд барои силоҳҳои ғарбӣ ба Халиҷи Форс оромии пурра нахоҳад овард". Зариф гуфт: "Пешгӯинашаванда будани ду тараф боис ба бетартибӣ мешавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Маҷаллаи шомгоҳӣ

Тозатарин ахбор ва гузоришҳои марбут ба Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон дар маҷаллаи шомгоҳии Радиои Озодӣ

Ozodi.org 

Русия ҷасади ду муҳоҷири тоҷикро пас аз 3 моҳ ба наздиконашон дод

Мақомоти Русия ҷасади ду муҳоҷири тоҷикро, ки дар як амалиёти "зиддитеррористӣ" дар шаҳри Колчугинои вилояти Владимир ба таври асроромез кушта шуданд, баъд аз се моҳи ҳодиса ба пайвандонашон супурдаанд.

Ozodi.org 

Блогерони тоҷик барои видеои танфурӯшон дар додгоҳ ҷавоб мегӯянд? ВИДЕО

Додситонии шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта таҳқиқи парвандаи чаҳор блогери тоҷикро, ки моҳи июли имсол дар бораи занони танфурӯш гузориш карда буданд, ба анҷом расондааст. Мақомот онҳоро ба "ғайриқонунӣ ҷамъ овардан ва паҳн кардани маълумоти шахсӣ" муттаҳам медонанд. Ин иттиҳом аз 11 то 27 ҳазор сомонӣ ҷарима ё як сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ мекунад. Худи блогерон мегӯянд, ки ҳадафашон нишон додани мушкилоти иҷтимоӣ буд, на паҳн кардани иттилоти шахсӣ. Бо ин вуҷуд, онҳо баъди бозпурсии аввал навори видеоро аз Ютуб ҳазф карданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Деҳи ман: Махшевад дар ноҳияи Айнӣ

Видеои мазкурро як сокини деҳаи Махшевади ҷамоати деҳоти Айнӣ ба Радиои Озодӣ фиристод. Видео бо дрон ба навор бардошта шудааст.

Ozodi.org 

Умед Бобохонов: "Asia-Plus" ба фишор тан намедиҳад"

Сомонаҳои хабаргузории "Азия-Плюс" (news.tj ва asiaplus.tj) аз рӯзи 19-уми август боз пурра дастнорас аст. Хонандагони хабаргузорӣ шикоят мекунанд, ки ҳатто ба воситаи VPN ё филтршиканҳо наметавонанд ба сомона ворид гарданд. Умед Бобохонов, муассис ва роҳбари гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол мақомот ҷавоб надодаанд, ки ба чӣ далел дастрасӣ ба сомонаи онҳо масдуд шудааст. Аммо вай эҳтимоли сиёсӣ будани қазияро рад кард ва гуфт, “ин кори дасти афроди алоҳида аст, ки оқилона нест”. Читать дальше...




Ozodi.org 

Нишасти изтирории ҳавопаймои Душанбе-Маскав дар Оренбург

Ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии”, ки субҳи 21-уми август аз Душанбе ба самти Маскав парвоз кард, бо сабаби бад шудани саломатии як мусофири хурдсол дар шаҳри Оренбург нишасти изтирорӣ анҷом дод. Умедҷон Лолаев, намояндаи ширкати "Уралские авиалинии" дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қазия ба хубӣ анҷом шуд ва баъд аз муоинаи табибон ва бо хости волидони кӯдак, ҳавопаймо ба Маскав парвозашро идома дод. "Ҳама чиз хуб аст ва ҳавопаймо тахминан ду соат пеш дар Маскав нишаст", --  гуфт Лолаев. Читать дальше...

Ozodi.org 

Бозгашти ҳоҷиёни тоҷик аз Саудӣ. Се нафар фавтидаанд.

Гурӯҳи нахустини зоирони тоҷик баъд аз адои маросими имсолаи ҳаҷ ба Душанбеву Хуҷанд баргаштанд. Мақомот мегӯянд, имсол ҳангоми зиёрати Каъба се шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд ва ҷасади онҳо дар Макка, макони муқаддаси мусалмонон, дафн шудааст

Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 21-уми августи соли 2019

Нишасти изтирории ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Маскав дар шаҳри Самара, бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба Душанбе, мушкили дастрасӣ ба сомонаи Asia Plus, эътироз ба куштори бераҳмонаи саг дар Теҳрон ва матолиби дигар.

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Оғози чемпионати ҷаҳон бо иштироки 5 қаиқрони тоҷик

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки имрӯз, 21 август дар шаҳри Жегеди ҷумҳурии Маҷористон Чемпионати ҷаҳон дар риштаи қаиқронӣ оғоз гардида, то 25 август идома меёбад

Ozodi.org 

Билетҳои гарон ва мизбонии Эмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ дар Озодӣ Онлайн

Дар гушаҳои тоҷикии Интернет ҳоло агар ҳар ҷое нигоҳ накунед, гап сари боло рафтани қимати билети ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия аст, чун ҳамёни ҳазорон нафарро холӣ мекунад. Баҳси дигар мизбонии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ аст, ки гап атрофи он зиёд шуд.

Ozodi.org 

Помпео Эронро ба доман задани низоъ дар Ховари Миёна муттаҳам кард

Вазири корҳои хориҷии Амрико дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи мушкилоти сулҳу амният дар Ховари Миёна ба таври мушаххас аз Эрон ном гирифт. Ин нишаст рӯзи 20-уми август баргузор шуд. Майк Помпео Теҳрон ва ҳомиёнашро ба доман задан ба даҳшатафканӣ ва нооромӣ дар Ироқу Лубнон ва Сурияву Яман муттаҳам кард. Вай гуфт, “ин паёмадҳои вайронгари башарӣ дорад”. Вазири умури хориҷии Амрико афзуд, агар Созмони Милали Муттаҳид иҷоза диҳад, ки таҳрими зидди Эрон дар моҳи октябри соли 2020 хотима ёбад... Читать дальше...

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Насим Ҳомидов барои иштибоҳкорӣ аз ҳаққи доварӣ маҳрум шуд

Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон Насим Ҳомидов, ёрдамчии асосии довар аз шаҳри Душанберо бо сабаби ҷой доштани иштибоҳ дар кораш, аз ҳаққи доварӣ дар чанд бозӣ маҳрум кард

Ozodi.org 

Роҳбари пешини Оҷонсии муҳоҷирати Узбекистон 12 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳрии Тошканди Узбекистон Равшан Иброҳимов, раиси пешини Оҷонсии муҳоҷирати ин кишварро 12 сол зиндонӣ кард. Иброҳимов дар фасодкорӣ ва қаллобӣ айбдор шуд. Ба иттилои додгоҳ, Иброҳимов бо моддаҳои "қаллобӣ", "порадиҳӣ", "қонунисозии даромадҳои ғайриқонунӣ" айбдор дониста шуд. Муовини пешини раиси оҷонсӣ Улуғбек Назаровро ҳам 12 сол зиндонӣ карданд. Ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2018 Иброҳимову Назаров ва ду тани дигар аз кормандони Оҷонсии муҳоҷирати Узбекистон боздошт шуда буданд. Он замон гуфта мешуд... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҷонибдорони Отамбоев аз Ҷеенбеков хостанд, монеи "истибдод" шавад

Сокинони деҳаи Кой-Тош ва Арашани ноҳияи Аламудини Қирғизистон ба президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков муроҷиатнома фиристоданд. Дар муроҷиатнома омадааст, ки "ҳамдеҳагон аз Отамбоев бо даъвати виҷдон ҳимоят карданд ва ба манзили вай ба он хотир омаданд, ки изҳори пуштибонӣ кунанд". "7 август неруҳои вижа бидуни огоҳӣ ба бачаҳои мо ҳамла кард. Одамони ношинос аз болои девор вориди хонаи Отамбоев шуда, ба латту кӯб ва паррондани сокинон сар карданд. Занону куҳансолонро ҳам заданд. Дар қонун омадааст... Читать дальше...

Ozodi.org 

Фуруди изтирории ҳавопаймои Душанбе - Маскав дар Самара

Як ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии", ки аз Душанбе ба самти Маскав парвоз мекард, дар ними роҳ дар фурудгоҳи ба номи Юрий Гагарини шаҳри Самара поин омадааст. Расонаҳои Русия рӯзи 21-уми август навиштанд, ин тасмим баъд аз он гирифта шуд, ки вазъи саломати як духтари сездаҳсола бад шуд. Вай аз дарди қалб шикоят кардааст. Ба навиштаи вебсайти "Оренбург Медиа" вазъият зери назорат аст. Мошини “Ёри таъҷилӣ” духтарро ба бемористон бурдааст. Дар бораи вазъи саломатии кӯдак иттилои дигаре дардаст нест. Читать дальше...

Ozodi.org 

Трамп бозгашти Русияро ба "Ҳафтгонаи бузург" қобили қабул хонд

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбеи 20 август гуфт, ки бозгашти Русия ба "Ҳафтгонаи бузург" (G7) қобили қабул аст. Бритониё, Олмон, Италия, Канада, ИМА, Фаронса ва Ҷопон шомили G7 ҳастанд. Расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манобеи худ дар Кохи Сафед хабар доданд, ки Трамп бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар гуфтугӯи телефонӣ изҳори ризоият кардаанд, ки Русия дар нишасти "ҳафтгона" дар соли 2020 даъват шавад. Пештар аз ин Макрон дар мулоқот бо Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ки агар... Читать дальше...

Ozodi.org 

Ҳамҷинсгарои узбек баъди муроҷиат ба Мирзиёев дар пайгард қарор гирифт

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон Шохрух Салимовро ҷустуҷӯ доранд, ки бо нашри як муроҷиати видеоӣ дар Интернет президент Шавкат Мирзиёевро ба ҳимояти ҷомеаи ҳамҷинсгароён дар ин кишвар даъват карда буд. Салимов, ки ҳоло дар Туркия ба сар мебарад, гуфт, пас аз нашри он видео маъмурони пулис ба хонаи наздиконаш дар Узбекистон рафта, гуфтаанд, ки мехоҳанд, вайро дастгир кунанд. Шохрух Салимов пештар бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ ба номи президенти Узбекистон хостори ҳазфи банди "Бачабозӣ" аз Кодекси ҷиноии ин кишвар шуда буд. Читать дальше...


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus