Волидони ду ҷавон дар вилояти Суғд иддао доранд, ки мақомот фарзандони онҳоро “ғайриқонунӣ” ба артиш бурдаанд ва бояд раҳо кунанд. Баҳс ба Додгоҳ кашида шудааст, аммо додраси зинаи аввал посухи рад дода. Далели ҳарду тараф чист?
“Хонаи Озодӣ” ё Freedom House дар як гузориш кишварҳоеро ном бурдааст, ки мақомоти онҳо мухолифони худро дар хориҷа, дар кишвари сеюм, ҳам “шикор” мекунанд.
Мутахассиси 53-солаи гурҷӣ Гела Шекиладзе, ки пештар ёвари Петар Шегрт буд, сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин гардид.
Созмони байнулмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch дар робита ба вазъи ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон изҳори нигаронӣ кард.
Модарони ду наваскар иддао доранд, ки фарзандони донишҷӯяшонро ғайриқонунӣ ба артиш бурдаанд; "Тоҷикистон дар саросари олам дигарандешонро таъқиб мекунад" ва шарҳи гумруки Тоҷикистон дар бораи телефонҳои қочоқӣ.
Модарони ду наваскар иддао доранд, ки фарзандонашонро ғайриқонунӣ ба артиш бурдаанд.
Хонаи озодӣ: Тоҷикистон дигарандешон ва наздикони онҳоро дар саросари олам таъқиб мекунад.
Моҳҳои ахир,масъалаи сабти IMEI ва пардохти боҷӣ гумрукӣ барои телефонҳо ба мавзӯи баҳс табдил шудааст. Хадамоти гумрук мегӯяд, телефон ва ҳар дастгоҳҳои дигаре, ки бо симкорт кор мекунанд, ҳангоми овардан ба кишвар бояд дар нуқтаҳои гумрукӣ сабти ном карда шавад, вагарна қочоқӣ ба ҳисоб мераванд.
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврал ба Тотористон (Русия) рафтааст.
Мақомоти Туркия дар як ҳафтаи охир даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ба ин кишвар роҳ надода, қарори ихроҷи онҳоро дар Фурудгоҳи Истанбул содир кардаанд. Бархе аллакай ба кишвар баргашта, иддае ҳанӯз дар Фурудгоҳ ҳастанд. Мақомоти Туркия ва Тоҷикистон масъаларо шарҳ намедиҳанд.
Маркази таҳлил ва таҳқиқи ҳамлаҳои сайберӣ ё кибернетикии Қазоқистон гуфт, як гурӯҳи ҳакерӣ беш аз ду сол ба зербиноиҳои муҳими операторони алоқаи ин кишвар дастрасӣ дошта, аз ҷумла, тӯли зангҳои телефонӣ ва IMEI-и дастгоҳҳоро назорат мекардааст.
Дар ҳоле ки Вашингтон рӯзи 20-уми феврал қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милалро барои оташбас дар Ғазза вето гузошт, нерӯҳои Исроил рӯзи 21-уми феврал ба ҳамлаҳои худ дар ин минтақаи дар ҳоли муҳосира идома доданд.
Иттиҳоди Аврупо бастаи нави таҳримҳоро ба зидди Русия қабул кард.
Дар як соли гузашта (2023) ба зидди панҷ додрас (судя)-и тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то ин дам бархе ба зиндон маҳкум гардидаанд. Дар фармони барканории онҳо аз "кирдор"-е ёд шудааст, ки "шаъну эътибори судяро паст мезанад". Масъулони Оҷонси зидди фасод ин афродро ба ришвагирӣ муттаҳам карданд.
Дар як соли гузашта ба зидди панҷ додрас (судя)-и тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз шуда, то ин дам бархе ба зиндон маҳкум гардидаанд. Дар фармони барканории онҳо аз “кирдор”-е ёд шудааст, ки “шаъну эътибори судяро паст мезанад”. Масъулони Оҷонси зидди фасод ин афродро ба ришвагирӣ муттаҳам карданд.
Дар мусобиқаи ҷудо “Tashkent Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 1-3-юми март дар пойтахти Узбекистон – Тошканд - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 16 варзишгар (12 мард ва 4 зан) намояндагӣ хоҳанд кард.
Як кумитаи Созмони Милал аз будани рӯйхати корҳои мамнуъ барои занон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Раиси ҷумҳури Русия гузоришро дар бораи нияти Маскав барои ҷобаҷо кардани аслиҳаи ҳастаӣ дар фазо рад намуд. Владимир Путин ин мавзуъро рӯзи 20-уми феврал дар вокуниш ба изҳороти як мақоми амрикоӣ матраҳ кард.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон баланд будани баҳраи қарзҳои бонкиро шарҳ дод.
Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар бозии дуюмаш дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2024» дар Минск аз тими Русия (U-17) бо ҳисоби бузурги 1:6 шикаст хӯрд.
Як духтари футболбоз аз Тоҷикистон, талош дорад ба яке аз тимҳои футболи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шомил шавад. Мадина Фозилова, капитани дастаи мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон аст. Ӯ 28 сол сол дорад ва аз ин 17 солашро дар футбол сипарӣ кардааст.
Ҳукумати Ҷопон гуфт, барои барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Узбекистон қарз ҷудо мекунад. Дар ин бора Оҷонси ҳамкориҳои байналхалқии Ҷопон (JICA) хабар дод.
Вазорати адлияи Русия Бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро шомили феҳристи созмонҳои ғайридавлатие кард, ки фаъолияташон дар ҳудуди он кишвар номатлуб эътироф шудааст.