Артиши Исроил иддао дорад, ки амалиёти заминӣ дар шаҳри Хон Юнуси минтақаи Ғазза бо муваффақият анҷом ёфта, акнун сарбозони Исроил ба самти марзи Ғазза бо Миср ҳаракат хоҳанд кард.
Артиши Исроил иддао дорад, ки амалиёти заминӣ дар шаҳри Хон Юнуси минтақаи Ғазза анҷом ёфта, акнун сарбозони Исроил ба марзи Ғазза бо Миср ҳаракат хоҳанд кард. Ҷониби фаластинӣ иброз доштааст, Исроил имкон намедиҳад, ки табибон ва наҷотбахшони фаластинӣ ба мардум ёрии саривақтӣ расонанд.
Радиои Озодӣ дар суҳбат бо мутахассиси футбол Анваршо Мирзоев дар бораи сабабҳои шикасти мунтахаби Тоҷикистон пурсид.
Мураббии тими миллии футболи Тоҷикистон гуфт, ҳарчанд ӯ интизори натиҷаҳои беҳтар буд, вале ҳунарнамоии куллии футболбозони тоҷик қобили таҳсин аст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар бозии даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар Қатар аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд, аз ҳаққи иштирок дар нимфинали Ҷоми Осиё-2023 маҳрум гашт.
Қоидаҳои наве, ки 1 феврал ба иҷро даромад, аз масҷидҳо тақозо мекунанд, ки ба ҳангоми маросимҳои динӣ “вижагиҳои чинӣ”-ро риоя кунанд. Ин талабот чун идомаи маъракаи “чинисозии Ислом” арзёбӣ мешаванд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба модари Анора Саркорова гуфтаанд, ки ба зидди ин хабарнигори муқими Аврупо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, вале “агар баргардаду узр хоҳад” авф мекунанд.
Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза ба зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ (УБОП), аз мақом барканор шудааст.
Номи як муовини нави вазири корҳои дохилии Тоҷикистон маълум шуд.
Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба доштани робитаҳои наздик бо шабакаи "Ал-Қоида" муттаҳам кард ва гуфт, ки ин шабака дар чандин вилояти Афғонистон марказҳои омӯзишӣ ва пойгоҳҳо таъсис додааст.