Як мард дар Қирғизистон, дар ҳузури писари 10-солааш гӯшу бинии ҳамсари собиқашро буридааст. Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, ҳодиса 20-уми сентябр дар ноҳияи Сокулуки вилояти Чуй, дар наздикии Бишкек рух додааст. Гуфта мешавад ин кор дар пайи рашки зиёди мард анҷом шудааст.
"Халиқ Бонк" (Halyk Bank)-и Тоҷикистон номашро ба "Актив Бонк" иваз кардааст.
Ҳукумати Узбекистон 25-уми сентябр муқарраротеро дар бораи нишони сарисинагии "Таҳаммулпазирии динӣ" ба тасвиб расондааст
Талаби ҳашт намояндаи баландмақоми Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон/
Деҳқонони ҷамоати Зарбдори Кӯлоб аз камбуди об шикоят доранд.
Як мард дар ҳузури писари 10 солааш аз рашк гӯшу бинии ҳамсари собиқашро буридааст.
Ронандагони тоҷик мегӯянд, убури марзи Ӯзбекистон душвор шудааст, нигаронии СММ аз муҷозоти хабарнигорон дар Тоҷикистон, дар Қирғизистон марде гӯшу биннии ҳамсарашро буридааст ва матолиби дигар.
Парвандаи як зодаи Тоҷикистонро дар Екатеринбурги Русия баъд аз се соли боздошт ба додгоҳ фиристодаанд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 25-уми август шикояти телевизиони давлатии Қирғизистон - "ЭлТР"-ро зидди бунгоҳи хабарии мустақили "ПолитКлиника" қисман қонеъ кардааст.
Волидони кӯдаке, ки дар натиҷаи афтидан аз зинапояи яке аз мактабҳои шаҳри Остонаи Қазоқистон дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарӣ шудааст, талаб доранд, то мудири таълимгоҳ муҷозот шавад.
Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон, бо нашри видеои 5-сонияӣ аз рафтори писари ноболиғаш, Одам (Адам) Қодиров, пуштибонӣ кардааст.
Додгоҳе дар Арманистон шаҳрдори пешини Ереван Алберт Базеянро дар доираи парвандаи омодагӣ барои сӯиқасд ба ҷони сарвазири ин кишвар Никол Пашинян ба ҳабс гирифтааст.
Темур Раҳимов, паҳлавони машҳури тоҷик, дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ҷараён дорад, дар мусобиқаи ҷудо миёни мардон дар вазни сангинтарин медали нуқра ба даст овард. Ин севумин медали Тоҷикистон дар ин бозиҳо мебошад.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 25-уми сентябр дар як ҷаласа гуфтааст, ки суръати ислоҳот дар бахши роҳи оҳан назар ба бахшҳои дигари иқтисоди он кишвар ақиб мондааст.
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии куштии ҷаҳон, ки рӯзҳои 16-24-уми сентябр дар шаҳри Белгради Сербистон баргузор шуд, аз роҳхати олимпӣ бенасиб монданд.
Додгоҳе дар шаҳри Толдиқурғони Қазоқистон 6 касро дар доираи парвандаи дуздии силоҳ аз бинои Департаменти пулиси Алмаато ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, онҳо дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 силоҳ дуздидаанд.
Сафаре ба Сари Хосор, диёри писандидаи ҷаҳонгардон дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон. Ин ҷо тобистону тирамоҳ меҳмони зиёд дорад. Роҳҳояш сангину душворгузар аст. Дар ин самт асосан мошинҳои сохти Шӯравӣ мусофир мекашонанд. Гоҳо сангобро убур мекунанд.
Сафаре ба Сари Хосор, диёри писандидаи ҷаҳонгардон дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон. Ин ҷо тобистону тирамоҳ меҳмони зиёд дорад. Роҳҳояш сангину душворгузар аст. Дар ин самт асосан мошинҳои сохти Шӯравӣ мусофир мекашонанд. Гоҳо сангобро убур мекунанд.
Сафаре ба Сари Хосор, диёри писандидаи ҷаҳонгардон дар ҷанубу шарқи Тоҷикистон. Ин ҷо тобистону тирамоҳ меҳмони зиёд дорад. Роҳҳояш сангину душворгузар аст. Дар ин самт асосан мошинҳои сохти Шӯравӣ мусофир мекашонанд. Гоҳо сангобро убур мекунанд.
Идораи "Тоҷикфилм" мактаби синамогарони ҷавонро дубора фаъол карда, онро ба номи коргардон Муҳаббат Сатторӣ гузоштааст. Дар ин мактаб барои шогирдон нозукиҳои филмноманависӣ, наворбардорӣ ва бандубасти онро меомӯзонанд.
Узви Ҳизби мухолифи "Бутун Кыргызстан" Замирбек Шамшидин уулу бо қарори Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек то 20 октябр ба ҳабс гирифта шудааст.
Ҷасади як сарбози тоҷикро рӯзи 21-уми сентябр ба наздиконаш дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон додаанд.
Як ҷавони синни даъватро дар ноҳияи Ашт барои саркашӣ аз хидмат дар артиш ҷазо додаанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷики стон дар Бозиҳои 19-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ҷараён дорад, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо бо касби ду медал (як тилло ва як нуқра) дар байни 45 кишвар дар ҷойи даҳум қарор дорад.
Узбекистон тасмим гирифтааст, ки воридоти гази Русияро аз 1-уми октябри имсол оғоз кунад. "Тибқи нақша, интиқоли гази Русия ба Узбекистон аз 1 октябр оғоз мешавад. Ҳамаи зербиноҳо ва лӯлаҳои интиқолӣ барои қабули газ омода ҳастанд", - гуфтаанд дар Вазорати энержии Узбекистон ба хабаргузории русии ТАСС. Қаблан Ширкати "QazaqGaz" хабар дода буд, ки интиқоли гази Русия ба Узбекистон тариқи лӯлаи "Осиёи Марказӣ-Марказ" аз моҳи октябри имсол оғоз хоҳад шуд. Ҳукумати Узбекистон эълом кард,... Читать дальше...