Дар ҳоле ки бемористонҳои Тоҷикистон бо камбуди мутахассисон рӯбарӯст, баъзе аз пизишкони тоҷик ба хориҷа рафтаанд ва аз кору зиндагии худ розиянд. Яке аз онҳо Ситора Қодирова аст, пизишки занон.
Низомиёни Покистон гуфтанд, як сарбози онҳо дар тирандозӣ бо ҷангҷуёни ифротӣ кушта шудааст.
Мақомоти Қазоқистон ҳангоми амалиёти "Участок" 36 шаҳрванди Тоҷикистонро дар бозоре дар Алмато дастгир кардаанд.
Луис Игнасио Лула да Силва, раиси ҷумҳури Бразилия, гуфт, агар Владимир Путин соли 2024 дар нишасти сарони G20 дар Рио-де-Жанейро иштирок кунад, боздошт нахоҳанд кард.
Талафот аз заминларзае, ки шаби 8 ба 9-уми сентябр Марокашро такон дод, ба зиёда аз ду ҳазор кас расид.
Як маъмури пешини Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ), ки бӯстонсарои Владимир Путинро дар Қрими ишғолшуда посбонӣ мекард, ба Эквадор рафтааст.
Достони видеоӣ дар бораи ҳаҷвнигорони зиндаёди тоҷик Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев (Усто ва Масто). Онҳо дар як ҷо хонданду дар як бино зистанд ва соли 1984, баъд аз садамаи нақлиётӣ, дар як рӯз ҷон бохтанд. Садама чӣ гуна рӯй дод ва чаро касе ҷавобгар нашуд?
Достони видеоӣ дар бораи ҳаҷвнигорони зиндаёди тоҷик Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев (Усто ва Масто). Онҳо дар як ҷо хонданду дар як бино зистанд ва соли 1984, баъд аз садамаи нақлиётӣ, дар як рӯз ҷон бохтанд. Садама чӣ гуна рӯй дод ва чаро касе ҷавобгар нашуд?
Олимхон Алихонов, паҳлавони собиқадори тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии самбо миёни устодон, ки дар шаҳри Уралски Қазоқистон 8-уми сентябр оғоз ёфт ва имрӯз, 10-уми сентябр, ба поён мерасад, медали тило ба даст овард.
Буҷети Тоҷикистон аз ҳисоби ҷаримаи сокинон дар шаш моҳи аввали имсол 160 миллион сомонӣ даромад гирифтааст. Шаст дарсад бештар аз нақша.
Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон расонаи Kloop.kg-ро таҳдид кард, ки дар сурати пок накардани хабар дар бораи шиканҷа дар боздоштгоҳ сомонаашро мебандад. Дар ин бора худи Kloop.kg хабар дод.
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) дар нахустин бозиаш дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи «I» тими Лаосро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард.
Китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” соҳибкор Абдухалил Холиқзода ва адиби шинохтаи тоҷик Абдуқодири Рустамро паси панҷараи боздоштгоҳ бурд. Ҳоло боздошти ин ду нафар, он ҳам барои баёни андеша баҳсеро дар ҷомеа барпо кардааст, ки то куҷо зиндонӣ шудани онҳо бодалел аст.
Нашри китоби “Ҳаводиси рӯзгори ман” соҳибкор Абдухалил Холиқзода ва адиби шинохтаи тоҷик Абдуқодири Рустамро паси панҷараи боздоштгоҳ бурд.