Расонаҳои маҳаллӣ дар Афғонистон ба нақл аз шоҳидон гузориш доданд, ки Толибон дар як намоиши даҳшатборе дар шаҳри Ҳирот дар чангаки кранҳо овезон карданд.
Намояндагони як аққалияти қавмӣ, ки дар мавзеи баландкӯҳи Яғноби Тоҷикистон ба сар мебаранд мегӯянд, бинобар дурии мактаб фарзандонашон бесавод мондаанд ва хондаву навишта наметавонанд.
Полиси шаҳри Маскав Ҳизби коммунистро ҳушдор дод, ки сокинонро ба гирдиҳамоии эътирозӣ зидди натиҷаҳои интихобот рӯзи 25-уми сентябр даъват накунад. Ба гуфтаи ду тан аз номзади коммунистҳо, танзимгари расонаҳои Русия "Роскомнадзор" ба ноширони вебсайти ин ҳизб дастур додааст, ки навиштаҷот дар бораи ин чорабиниро пок кунанд. Шубҳаҳо дар шафоф будани интихобот миёни рақибони ҳизби ҳокими "Русияи Воҳид" ва нозирони хориҷӣ боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи вакилони Думаи Давлатӣ аз... Читать дальше...
Як оилаи паноҳандагони Афғонистон, ки нахустин фарзандашон дар Тоҷикистон ба дунё омад мехоҳанд тифлашон шаҳрванди ин кишвар шавад.
Як ҷуфти афғон аз тарси интиқоми Толибон ба Душанбе фирор карданд. Ҳоло мегӯянд, умедворанд тифлашон, ки инҷо ба дунё омад, шаҳрванди Тоҷикистон шавад.
Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 24 сентябр раҳбарони Австралия, Ҳиндустон ва Ҷопонро дар Кохи Сафед мизбонӣ кард. Бо назардошти нигарониҳои муштараки онҳо аз Чин ин мулоқот сароғози Чаҳоргонаи нав унвон шудааст. Дар он таъкид шуд, ки ҳавзаи Ҳинду Уқёнуси Ором бояд озод, босубот ва бюоз боқӣ монад. Ҳарчанд дар нигарониҳо аз Чин дар суҳбатҳои расонаии ин роҳбарон садо надод, ба эҳтимоли қавӣ амалкардҳои Пекин ва ҳамкории стратегии чаҳор кишвари пешрафтаи демократӣ дар маркази диққат буданд. Байден гуфт... Читать дальше...
Марзбонони Русия Валентина Чупик, роҳбари созмони "Тонг ҷаҳонӣ" ва ҳомии шинохтаи муҳоҷирони кориро ҳангоми бозгашт аз Арманистон дар фурдугоҳи Шереметево ба қаламрави ин кишвар роҳ надодаанд.
Пас аз чанд рӯзи хомӯшӣ Аҳмад Масъуд роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон бо нашри як паёми савтӣ ба ширкатдорони конфронси бахшида ба падараш Аҳмадшоҳ Масъуд дар донишгоҳи Оксфорди Британия аз худ дарак дод.
Рӯзи 23-уми сентябр дар як деҳа дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дигарбора ҷанҷолу занозанӣ сар зад. Ду тараф якдигарро ба сар задани муноқиша муттаҳам карданд.
Дар ду рӯзи охир дар бораи ду моҷарои ҷудогона, вале вобаста ба хонандагони мактаб дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон расонаӣ шуд. Мақомоти Қирғизистон изҳорот доданд, вале ҷониби Тоҷикистон хомӯш аст.