Созмони ҳомии ҳуқуқи байналхалқии Human Rights Watch (HRW) "эътилофи низомӣ"-и Русияву Сурияро дар истифодаи силоҳи мамнуъ айбдор кард. Созмон мегӯяд, низомиҳои ду кишвар дар ҳамла ба минтақаи шимолу ғарби Сурия аз чунин силоҳ истифода кардаанд. Дар изҳороти HRW, ки 3 июн нашр шуд, омадааст, сар аз 26 апрел ба минтақаҳои таҳти назорати гуруҳҳои зиддиҳукуматии Сурия дар вилоятҳои Идлиб, Ҳама ва Ҳалаб ҳамарӯза садҳо зарба зада шудааст, ки дар пайи ин зарбаҳо 200 сокини осоишта, аз ҷумла кӯдакон кушта шудаанд. Читать дальше...
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар остонаи Иди Рамазон аз чанд хурду бузург дар Душанбе пурсид, ки дар ид чӣ орзу доранд. Яке ба мардум хушбахтӣ хост, дигаре бозгашти падарро орзу кард ва бубинед саввумӣ чӣ гуфт.
Мақомоти шаҳри Душанбе ба тахриби боз як қаҳвахона дар пойтахт дасту остин барзадаанд. Онҳо гуфтанд, моликони қаҳвахонаи "Дидор" дар маҳаллаи "Воданасос" барои фаъолият санади зарурӣ надоранд ва бинои он худсарона сохта шудааст.