Пулиси шаҳри Жетисойи вилояти Туркистони Қазоқистон зидди як зан бо гумони азият ва латукӯби се духтарандари ноболиғаш тафтишотро оғоз кардааст. Турсун Мирзалиев, мудири маорифи Жетисой 17 апрел гуфт, осори латукӯбро дар бадани се хоҳар - хонандагони синфҳои 6, 7 ва 9 раҳбарони синфашон мушоҳида карда, ба идораи маориф хабар додаанд. Дар натиҷа шаҳрдорӣ ва пулиси Жетисой духтаронро аз модарандар гирифта, ба модарбузургашон супоридаанд. Сухангӯи Раёсати тандурустии вилояти Туркистон Мира Муслим тасдиқ кард... Читать дальше...
Интизор меравад, роҳбари Сандуқи байналмилалии пул (СБП) Кристин Лагард миёнаҳои моҳи майи имсол аз Узбекистон боздид кунад. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Бонки марказии Узбекистон хабар дод. Ба гуфтаи сухангӯи Бонки Марказии Узбекистон, Лагард бо президент Шавкат Мирзиёев масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард. Ин нахустин сафари роҳбари Сандуқи байналмилалии пул ба Узбекистон дар даҳ соли охир хоҳад буд. Бори охир раҳбари вақти СБП Доминик Стросс-Кан соли 2009 аз Узбекистон боздид карда буд. Читать дальше...
Борони зиёди шаби 16-уми апрел сабаби боло рафтани оби рӯдхонаи Элок дар ноҳияи Файзобод шуд ва ба хонаву киштзорҳои даҳҳо хонавода осеб расонд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи ду ҷавонро баррасӣ мекунад, ки ба гуфтаи муфаттишон саъй доштанд, ба вазорати умури дохилӣ ҳамла карда ва кормандони милисаро ба қатл расонанд.