Ҷамшед Зиёев, раиси боздоштшудаи “Тоҷпромбонк”, ба маблағи 103 миллион сомонӣ (муодили беш аз 10 миллион доллари амрикоӣ) амволи худро дар ихтиёри ин бонк гузоштааст. Зиёев моҳи апрели соли гузашта бо иттиҳоми “қаллобӣ” ва “аз худ кардани маблағҳои бонк” дастгир шуда буд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки қайчӣ кардани саҳнаҳои ишқварзӣ аз филмҳои хориҷӣ "далели ахлоқӣ" дорад. Охири соли гузашта як гуруҳи вижа дар Тоҷикистон муваззаф шуда буд, ки қабл аз пахши филмҳои хориҷӣ саҳнаҳои бӯсу канор ва ҳамхобагиро бибурад. Тарафдорони тасмим чӣ мегӯянд, мухолифон чӣ? Дар видео бубинед
Созиши Тоҷикистону Қатар дар бораи муҳоҷират садҳо нафарро барои дарёфти кору маоши муносиб дар ин кишвари арабӣ умедвор кардааст. Тайи ду рӯзи охир чанд корбари Радиои Озодӣ аз мо пурсиданд, ки чӣ гуна худро ба Қатар бирасонанд ва ё дар он кишвар ба чӣ коргар ниёз ҳаст?
Мақомоти вилояти Суғд гуфтанд, соли гузашта даҳҳо табиб барои дуруст иҷро накардани вазифа ва ё роҳ додан ба хато танбеҳ гирифтаанд.
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, мегӯяд, розӣ аст, ки дар шабакаҳои телевизионӣ бояд матлабҳои танқидӣ пахш шавад, то ки, ба гуфтааш, мушкилоти ҷомеа ҳалли худро пайдо кунанд. Дигарон чӣ мегӯянд?
Манижа, сокини 34-солаи Душанбе, баъди интизориҳои тӯлонӣ, чанде пеш модар шуд. Вай дугоник таваллуд кард. Барои хонаводае, ки ин ҳама сол мунтазири фарзанд буд, чӣ ном гузоштани тифл аҳамият дорад.
Раҳбарони идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Бадахшон ва ноҳияи Ванҷ ба далели "хунукназарӣ" ҳангоми берун овардани ҷасади Ҳукмишоҳ Саидов аз зери тарма ба ҷавобгарии интизомӣ кашидаанд. Ин сокини 21-солаи ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ рӯзи 15-уми январи имсол дар роҳ ба сӯи шикор зери тарма монд ва танҳо баъди ёздаҳ рӯз аз зери барф берун оварда шуд.
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, рӯзи 7-уми феврал дар назди хабарнигорон ба раҳбарони телевизионҳои давлатӣ таъкид кард, ки ба муҳтавои реклама ё таблиғот диққат диҳанд.
Парлумони Украина – Верховная Рада дар хониши ниҳоӣ тағйирот ба конститутсияи кишварро қабул кард, ки ба ҳадафҳои ниҳоии ин кишвар дар амри узвият дар НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо созгор мебошад. Дар ҷараёни ҷаласаи рӯзи 7 феврали парлумонӣ, 334 вакил ба ҷонибдорӣ ва 7 вакил мухолифи қабул шудани тағйиру иловаҳо овоз доданд. Бар асоси ин тағйирот, дар конститутсияи Украина навишта мешавад, ки "украиниҳо мардуми аврупоӣ буда, самтгириҳои Украина аврупоиву авроатлатнтикӣ хоҳад буд". Президенти Украина Петро Порошенко... Читать дальше...
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода эътироф кард, ки аснои фаромадани тарма дар Ванҷ хунукназарӣ ҷой дошт, ҷангҷӯйи тоҷик аз озодӣ маҳрум шуд, Трамп мегӯяд, дар як ҳафта Сурияву Ироқ аз ДОИШ комилан пок мешаванд, шароити муҳоҷирати корӣ ба Қатар ва матолиби дигар.
Тоҷикистон дар рейтинг ё раддабандии Федератсиони байналмилалии футбол, ки имрӯз, 7-уми феврал, дар сомонаи расмии FIFA нашр шудааст, мавқеашро нигаҳ дошт ва дар байни 211 кишвар бо 1155 имтиёз дар ҷойгоҳи 120-ум қарор гирифтааст.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, 6 узми тими мунтахаби ҷудои кишвар дар мусобиқаи “Paris Grand Slam-2019” рӯзҳои 9-10 феврал ширкат хоҳанд кард
Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, розӣ аст, ки дар ин шабакаҳо бояд матолиби танқидӣ пахш шавад, то ки, ба гуфтааш, мушкилоти ҷомеа ҳалли худро пайдо кунанд. Рӯзи 7 феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш Шоҳиён дар посух ба саволи ин ки то куҷо амри таҳия ва пахш шудани гузоришҳои танқидӣ дар шабакаҳои давлатии ТВ ва радио амалӣ мешавад, посухи якранг надод. Шоҳиён нагуфт, ки то куҷо воқеан ҳам онҳо аз паи пахши гузоришҳои интиқодӣ ҳастанд, вале гуфт, ки... Читать дальше...
Дар ҷомеаи Қирғизистон оташи баҳсҳо дар мавриди боз шудани пойгоҳи дувуми Русия дар ин кишвар ҳанӯз хомӯш нашудааст. Маскав барои баррасии ин масъала изҳори омодагӣ мекунад, вале Бишкеки расмӣ ишора дорад, ки зарурате барои ин намебинад.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз болои 81 тан аз донишҷӯёни собиқаш барои ҳозир нашудан ба ҷойи кор, ба додгоҳ шикоят бурдаст.
Дар Душанбе рӯзи 7 феврал таҳти раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон анҷумани Ҳизби ҳокими халқии демократӣ баргузор шуд. Анҷуман пушти дарҳои бастаи маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати намояндагони беш аз 4 ҳазор ташкилоти ҳизбӣ дар манотиқи кишвар баргузор шуд. Дар ҳоле, ки ҷузъиёти масоили мавриди баррасии ин анҷуман ҳанӯз нашр намешавад, бархе коршиносон мегӯянд, ин анҷуман соле пеш аз интихоботҳои кишвар баргузор шуда, ба хотири муайян кардани стратегияи ҳизб дар ростои интихоботҳои президентиву парлумонӣ барпо мешавад. Читать дальше...
Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфт, аз аввали имсол дар минтақаҳои кишвар 125 ҳолати тармафароӣ сабт шудааст. Дар натиҷаи он 8 нафар ҷон бохта, ҷустуҷӯи ҷасади як нафар дар ҷамоати Шинди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҳанӯз идома дорад.
Кормандони идораи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшонро ба далели “хунукназарӣ” ҳангоми берун овардани ҷасади Ҳукмишоҳ Саидов аз зери тарма ба ҷавобгарии интизомӣ кашидаанд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки қайчӣ задани саҳнаҳои ишқварзӣ аз филмҳои хориҷӣ “далели ахлоқӣ” дорад. Охири соли гузашта як гуруҳи вижа муваззаф шуда буд, ки қабл аз пахши филмҳои хориҷӣ саҳнаҳои бӯсу канор ва ҳамхобагиро бибурад.
Хонандагону омӯзгорони беш аз 50 мактаби шаҳри Ишқободро 2 феврал ғайриинтизор ба шанбегӣ бароварданд. Мудирони мактаб барои ба шанбегӣ баровардани омӯзгорону хонандаҳо субҳи ҳамон рӯз аз раҳбарияти шаҳру ноҳияҳо дастур гирифтанд. Хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ тавонист бо чандин мудири мактабҳои Ишқобод суҳбат кунад. "Хонандагону омӯзгорони беш аз 50 мактаби шаҳр рӯзи шанбеи гузашта ба ҳашар бароварда шуданд. Мудирони мактаб ҳатто рӯзи чумъа намедонистанд, ки фардо шанбегӣ аст", - гуфт яке аз ҳамсуҳбатҳои мо. Читать дальше...
Порлумони Қирғизистон масъалаи истифодаи пулакии захираҳои обро барои Узбекистону Қазоқистон баррасӣ кард. Вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 6 феврал лоиҳаи қонун "Дар бораи ворид кардани тағйирот ба бархе аз санадҳои ҳуқуқии Қирғизистон (Кодекси об, қонун "Дар бораи об")"-ро ба баррасӣ гирифт. Ҳадафи асосии ин тағйирот пулакӣ кардани истифодаи захираҳо ва иншооти обии кишвар аст. Бархе аз вакилон пешниҳод карданд, ки аз Узбекистону Қазоқистон барои истифодаи оби Қирғизистон маблағ талаб карда шавад. Читать дальше...
Дар баъзе ноҳияҳои Узбекистон кормандони муассисаҳои давлатӣ ошкоро ба қарори ҳукумат норозигӣ баён доранд, ки интиқоли маоши якрӯзаи "буҷавиҳо"-ро ба беҳсозии вазъи зистмуҳитии атрофи баҳри Арал пешбинӣ мекунад. Як омӯзгор аз ноҳияи Ҷалолқудуқи Узбекистон гуфт, ӯву чанд ҳамкораш барои он натавонистанд моҳонаашонро дарёфт кунанд, ки қарори мазкурро "бо хоҳишу ташаббуси хеш" иҷро накарданд. Ба гуфтаи намояндаи Вазорати маорифи Ӯзбекистон, иҷбори омӯзгорон ба корҳои хайрия зидди қонунҳои ин кишвар аст. Читать дальше...
Аз бахши Бонки халқии Узбекистон дар ноҳияи Ёзёвони вилояти Фарғона 5 феврал 100 ҳазор доллари амрикоиро дуздиданд. Дуздӣ пас аз соати корӣ ошкор шуда, шабона тамоми кормандони бахш, аз мудир то посбонро боздошт карданд. Ба гуфтаи наздикони яке аз масъулони Бонки халқӣ, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ кормандони бонкро тамоми шаб бозпурсӣ карда, субҳи 6 феврал ба шуъбаи пулис бурдаанд. Як корманди пулиси Ёзёвон бо тасдиқи ин хабар гуфт, то ҳол маълум нест, ки пулро кӣ дуздидаааст. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд... Читать дальше...
Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбоев рӯзи 6 феврал эҳтимоли бекоршавии дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро шарҳ дод. Ба гуфтаи вай, лоиҳаи қонуни марбут ба дахлнопазирии президенти пешинро порлумони Қирғизистон баррасӣ мекунад ва баъди тағйири лоиҳа масъалаи дахлнопазирии Отамбоев ҳал мешавад. "Масъалаи ҷалби вай ба ҷавобгарии ҷиноӣ баррасӣ мешавад. Агар дар ҷараёни додгоҳ мансабдорони боздоштшуда нисбати вай (Отамбоев) шаҳодат диҳанд, ки дар ҷинояте даст дорад... Читать дальше...
Дар вилояти Павлодари Қазоқистон чаҳор узви як хонавода - зану шавҳар ва ду кӯдаки онҳо - аз газ заҳролуд шуда, фавтиданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар медиҳанд, ки ҷасади 4 узви як хонавода рӯзи чаҳоршанбе дар манзили хусусие пайдо шуд. Онҳо аз бӯи газ фавтидаанд. Мақомот ному насаби фавтидаҳоро нашр карданд: Рустам Бекболотов (соли таваллуди 1979), Наталя Бекбатирова (соли таваллуди 1982), Динара Бекбатирова (соли таваллуди 2004) ва Дамир Бекбатиров (соли таваллуди 2007). Ба иттилои мақомот... Читать дальше...