Мураббии тими "Тоҷикистон" дар асрори тарбияи варзишгарони муваффақро ба радиои Озодӣ ошкор кард.
Ҷамъоварии оҳанпора дар ҳудуди размоишгоҳи пойгоҳи 201-уми Русия дар Лоҳур бо марги як сокини 17-солаи деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ Сироҷиддин Раҷабов анҷомид. Ҳодиса рӯзи 3-юми феврали имсол рух дод. Наздиконаш мегӯянд, Сироҷиддин аз таркиши тири кӯҳнаи гранотомёт ба ҳалокат расид.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, баъди боздид аз Қирғизистон шоми 4-уми феврал ба Душанбе омад. Вай дар суҳбатҳояш бо мақомоти Тоҷикистон ва хабарнигорон ба ҳамкориҳои ду кишвар, нақши пойгоҳи 201-ум ва мақоми ҳуқуқии муҳоҷирон дахл кард.
Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик, мегӯяд, вазорати мудофиаи Русия ӯ ва аъзои хонаводаашро аз чанд имтиёзи иҷтимоӣ маҳрум кардааст.
Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик, мегӯяд, вазорати мудофиаи Русия ӯ ва аъзои хонаводаашро аз чанд имтиёзи иҷтимоӣ маҳрум кардааст. Вай рӯзи 13-уми декабри соли 2017 аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ шуд.
Дар шаҳри Остона 5 феврал ҷасади панҷ хоҳареро ба хок супурданд, ки шаби 4 феврал дар натиҷаи оташ гирифтани як кулбаи муваққатӣ дар маҳаллаи "Коктал-1"-и ноҳияи Сариарк ба ҳалокат расиданд.
Матбуоти расмӣ тасаллияти президенти Қазоқистон дар робита бо марги панҷ тифли ноболиғ дар як сӯхтори хона дар шаҳри Остонаро нашр кард. Дар як сӯхтори шаби 4 феврал дар кулбае, ки барои зиндагии муваққатӣ пешбинӣ шудааст, якбора панҷ фарзанди як оила ҷон дод. Субҳи 5 феврал маросими хоксупории онҳо баргузор шуд. Президент Нурсултон Назарбоев дар як изҳороташ ба мақомот таъкид кардааст, ки чораҳои заруриро андешанд, то ки чунин ҳодисаҳо такрор нашаванд. Ӯ ин ҳодисаро “як фоҷеаи азим” номидааст. Читать дальше...
Президенти ИМА Доналд Трамп қарор аст шоми 5 феврал бо паёми дуюми худ дар баробари Конгресс суханронӣ кунад ва ин навбат қарор аст дар масоили муҳоҷират, низоъ дар Ховари Миёна ва иқтисоди ИМА тамаркуз кунад. Суханронии президент дар шароите шунида мешавад, ки ихтилофҳои дохилии миёни демократҳои Конгресс ва президент дар ҳоли афзоиш аст. Суханронии президент чанд рӯз баъди хатми мутаваққифшавии кори ҳукумати Амрико баргузор мешавад, ки 35 рӯз идома дошт ва тӯлонитарин дар таърихи ин кишвар буд. Читать дальше...
Мақомоти интизомӣ дар ҷануби Тоҷикистон "Амалиёти иҷоранишин"-ро роҳандозӣ кардаанд. Ҳадаф аз роҳандозии ин амалиёт, ошкор кардани ҷинояткорӣ будааст. Генерал Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати умури дохила дар Хатлон мегӯяд, ин амалиёт як моҳ идома мекунад. Искандар Солезода рӯзи 5-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, вақте як нафари ҷинояткор ё таҳрибкор мехоҳад амале анҷом диҳанд, дар оғоз як ё ду рӯз пеш ҷойбаҷо мешаванд ва баъдан ҷойи ҳодисаро омӯхта, амалеро анҷом медиҳанд. Ба ин манзур... Читать дальше...
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ-ягона роҳ ба шимоли кишвар, дубора имконпазир шуд. Ин роҳ субҳи 5-уми феврал дар пайи барфрезии шадид баста шуда буд. Далери Абдулло, сухангӯи ширкати IRS рӯзи 5-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ боз шуд, аммо ҳоло танҳо ба худравҳое, ки аз Хуҷанд ба пойтахт меоянд, иҷозаи убури роҳ дода мешавад. Ба қавли сухангӯи IRS, талош доранд бо даст додани имконият ҳаракат аз ҷониби Душанбе ба вилояти Суғд низ боз шавад. Читать дальше...
Хонаи Озодӣ ва ё Freedom House, як созмони ҳомии ҳуқуқ, мегӯяд, Тоҷикистон ба сабаби беэҳтиромӣ ба ҳуқуқи инсон имсол дар байни “бадтарини бадтаринҳо” қарор гирифт.
Сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон, шикояти Каромат Шарипов, манъи убури мошинҳои боркаши Тоҷикистон аз қаламрави Туркманистон, фавти навраси тоҷик бар асари таркиши тири кӯҳна дар пойгоҳи низомии Русия ва матолиби дигар.
Сенати Амрико дар як иқдоми бештар расмӣ бо амри президент Доналд Трамп дар заминаи хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз хоки Сурияву Афғонистон мухолифат кард. Як таҳрир ба қонун, ки 4 феврал муаррифӣ шуд ва бештар хусусияти ғайриҳатмӣ дорад, гуфта шудааст, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамоно як хатар ба амнияти Иёлоти Муттаҳида боқӣ мемонад. Аз он ҷо ки Трамп узви ҳизби ҷумҳурихоҳ буда, маҳз намояндагони ҳамин ҳизб назорат бар палатаи болоии Конгрессро ба ӯҳда доранд, таҳрири мазкур ҳамчун мухолифати ҷиддӣ бо сиёсати хориҷӣ арзёбӣ мешавад. Читать дальше...
Худойбердӣ Холиқназарзода, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, бо сабаби бознишастагӣ аз мақоми худ озод шуд. Хадамоти матбуоти президент рӯзи 5-уми феврал гуфт, Диловар Қодирзода мудири нави Маркази тадқиқоти стратегӣ таъйин шудааст. Вай то ин дам раиси Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат буд. Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, низ аз мақоми худ озод ва бознишаста шудааст. Сафарови 66-сола аз соли 2001 ба ин тараф ба ҳайси муовин ва муовини... Читать дальше...
Мизони пасти нафақа дар Тоҷикистон, яке аз масъалаҳое буд, ки имрӯз, 5-уми феврал дар нишасти матбуjтии Сафаралӣ Наҷмиддинов, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар? баҳсҳоеро ба миён овард. Сафаралӣ Наҷмиддинов дар посухи ба пурсиши хабарнигорон, ки чаро шаҳрвандон 180 сомонӣ -- як нафақаи ночизе мегиранд, иброз дошт, ки ба ин андеша розӣ шуда наметавонад. Ӯ гуфт, ба онҳое 180 сомонӣ нафақапулӣ пардохт мешавад, ки дар ҳеҷ куҷое кор накардаанду ҳиссае надоранд. Дар ин нишаст, хабарнигорон иловатан пурсиданд... Читать дальше...
Ҳайате ба намояндагӣ аз мақомоти Толибон дар Маскав бо шахсиятҳои шинохта, аз ҷумла, собиқ президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфтугӯ анҷом медиҳанд. Ин мулоқот, ки рӯзи 5 феврал бидуни ҳузури мақомоти расмии ҳукумати Афғонистон баргузор мешавад, мавриди интиқоди маъмурияти раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ қарор гирифт. Ҳукумати Русия даст доштанаш дар корҳои тадорукотии ин нишастро рад карда мегӯяд, ҳамоише, ки музокироти сулҳ ба хотири хатми ҷанги 17-соларо ҳадаф дорад, аз ҷониби ҷамъияти афғонҳои муқими Маскав ташкил шудааст. Читать дальше...
Барканории Руҳулло Ҳакимзода, раиси собиқи "Амонатбонк" ба хотири қарзҳои мушкилдори бонк сурат гирифтааст.
Додситонии Ҳисор ба зидди ду сокини як деҳаи шаҳр бо иттиҳоми барангехтани адовати миллӣ ва қавмӣ ва ё “паст задани сокинони узбектабори маҳалла” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Мақомоти интизомии Хатлон мегӯянд, соли гузашта дар вилоят 538 танфурӯшро сабт карданд, ки дар байни онҳо 95 нафар гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ва ё ВИЧ ҳастанд. Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, рӯзи 5-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Бохтар гуфт, "дӯст намедорад, дар бораи ин мавзуъ суҳбат кунад, вале масъалаи доғи ҷомеа аст, ки онҳоро ба ташвиш овардааст." Ӯ ҳушдор дод, ки дар сурати иртиботи ҷинсӣ бо гирифторон, мумкин аст, бемории вируси... Читать дальше...
Сергей Лавров – вазири умури хориҷии Русия – гуфт, ки ҳарчанд Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест, муҳоҷиронаш аз имтиёзҳои зиёд бархурдоранд. Изҳороти Лавров дар ҷавоб ба суоли “афви муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар назар ҳаст ё не”, садо дод.
Муҳаммад Дадобоев, раққоси тоҷик мегӯяд, рақси мардонаи суннатӣ дар Тоҷикистон ба тадриҷ аз ёдҳо меравад ва набояд иҷоза дод, ки як ҷузъи зебои фарҳанги мардумӣ, ки ҳазорсолаҳо умр дорад, аз байн биравад.
Даҳҳо мошини борбар аз Тоҷикистон дубора дар марзи Туркманистон дармондаанд. Ронандаҳо гуфтанд, мақомоти Туркманистон рӯзи 4-уми феврал иҷоза надоданд, ки ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд. Ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти Туркманистон шарҳи далели чунин рафторашонро хостаанд. Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 5-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол ҷавоби суоли худро нагирифтаанд. Ӯ афзуд, "ба интиқолдиҳандагони мол гуфтем, як муддат сабр кунанд, то маълум шавад,... Читать дальше...
Русия ба ду пешниҳоди калидии Тоҷикистон дар масъалаи таъйини нафақаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик посух додааст. Сафаралӣ Наҷмуддинов, директори Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, пешниҳодҳо барои таъйини нафақа ба ду категорияи муҳоҷирни меҳнатӣ дар Русия ироа гардид. Оқои Наҷмуддинов иброз дошт, категорияи якум шаҳрвандоне ҳастанд, ки душаҳрвандӣ доранд ва категорияи дувум афродеанд, ки муҳоҷирати мавсимӣ доранд. Оқои Наҷмуддинов гуфт... Читать дальше...
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки рушди мунтазами равобити Тоҷикистону Русия, дар сиёсати хориҷии кишвараш мавқеи вижа дорад.
Дар "Кохи Миллат" аз субҳи 5-уми феврал музокироти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия идома дорад. Вафо Ниятбеков, роҳбари бахши иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷаноби Лавров шоми гузашта ба Душанбе расид ва ҳоло бо роҳбари Тоҷикистон мулоқот мекунад. Баъд аз анҷоми ин мулоқот музокироти Сергей Лавров бо Сироҷиддин Муҳиддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст. Дар поёни ин мулоқот ҳар ду вазири Тоҷикистону... Читать дальше...