Добавить новость
World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer
Октябрь
2018

Новости за 13.10.2018

Ozodi.org 

Мақомот: Сӯхтор дар тарабхонаи туркӣ аз дуди кабоб сар зад

Мақомот баъди як рӯз сабабҳои сӯхтор дар тарабхонаи туркии "Citir Usta" ("Четир уста") дар маркази Душанберо шарҳ доданд. Масъулони идораи оташнишонии пойтахт рӯзи 13-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сӯхтор “аз асбоби кабобпазии тарабхона” сар задааст. Ба қавли як мақоми ин идора, пас аз меъёри муқарраршуда баланд шудани оташи кабобпазӣ, системаи ҳавокашӣ тоб наоварда оташ гирифтааст. Ин масъули идораи оташнишонӣ афзуд, дар асл системаи ҳавокашии биное, ки тарабхона ҷойгир шудааст, барои кашидани дуд пешбинӣ нашуда буд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Чаҳор ҷавон пеш аз кӯлчагазони сарбозӣ "ғайб задаанд"

Чаҳор сокини ҷавони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон баъди гузаштан аз ташхиси тиббӣ ва ваъдаи рафтан ба артиш “ғайб задаанд”. Мақомот гуфтанд, ки онҳо таҳти ҷустуҷӯ ҳастанд ва дар сурати боздошт бо ҷурми саркашӣ аз хидмат дар артиш ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Ozodi.org 

Дар таркиши вилояти Тахор 44 нафар кушта ва захмӣ шуданд

Мақомоти вилояти Тахор гуфтанд, ки бар асари таркиш дар ҷараёни як маъракаи пешазинтихоботӣ дар ноҳияи Рустоқ 12 нафар, бо шумули афроди осоишта ва нирӯҳои амниятӣ, кушта шудаанд. Аҳмад Ҷавод Ҳиҷрӣ, сухангӯи волии Тахор, рӯзи 13-уми октябр ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, таркиш нимирӯзи шанбе пеш аз суханронии Назифа Юсуфӣ Бег, номзад ба мақоми вакили порлумон, рух додааст. Ӯ афзуд, дар ин инфиҷор ба хонум Назифа осеб нарасидааст. Аммо Халил Асир, сухангӯи пулиси вилояти Тахор, гуфт, бар асари таркиш 32 тани дигар ҷароҳат бардошта... Читать дальше...

Ozodi.org 

Шоҳгул Ризоӣ сафири нави Афғонистон дар Тоҷикистон шуд

Шоҳгул Ризоӣ, намояндаи мардум аз Ғазнӣ дар порлумони Афғонистон, сафири нави ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин шудааст. Хонум Ризоӣ рӯзи 13-уми октябр дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин хабар рӯзи гузашта нашр шуд" ва ваъда дод ба зудӣ дар ин бора тафсилот медиҳад. Шоҳгул Ризоӣ узви ҷунбиши "Рӯшноӣ" буда, дар Кобул зода шудааст. Фориғуттаҳсили риштаи ҳуқуқ ва илмҳои сиёсии Донишгоҳи Кобул мебошад. Таъйини сафири нави Афғонистон дар ҳолест, ки ин мақом ба камияш ним сол боз холӣ буд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Independent: Эҳтимол Бритониё алайҳи Саудӣ таҳрим ҷорӣ кунад

Мумкин аст, Бритониё дар робита ба “нопадидшавии” хабарнигор Ҷамол Ҳошуқҷӣ алайҳи мансабдорони Арабистони Саудӣ таҳрим ҷорӣ кунад. Дар ин бора нашрияи Independent бо такя ба манобеи худ хабар дод. Ба қавли манбаъ, Вазорати корҳои хориҷии Бритониё машғули таҳияи феҳрист аст. Журналист ва мунтақиди сиёсатҳои Риёз, ки бо нашрияи “Вашинтон Пост” низ ҳамкорӣ дошт, рӯзи 2-юми октябри имсол “гум шуд”. Вай ҳамон рӯз ба бинои консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул ворид гардид ва дигар берун наомад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Чин бинои нави порлумон ва ҳукумати Тоҷикистонро бо 1,5 миллиард юан месозад. АКС

Чин ба сохтмони бинои нави порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе шуруъ кард. Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтанд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ду бинои муҳими кишвар Пекин 1,5 миллиард юан ҷудо кардааст.




Ozodi.org 

Марди 30-сола барои ба худкушӣ расондани ҳамсараш дастгир шуд

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон як сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғдро бо гумони ба худкушӣ расондани ҳамсараш боздошт кардаанд. Мақомот рӯзи 13-уми октябр гуфтанд, ки ин марди 30-сола пайваста нисбат ба ҳамсараш “ҳаракатҳои бераҳмона намуда ва шарафи ӯро паст мезадааст”. Онҳо бовар доранд, ки чунин бархӯрди номуносиби гумонбар сабаб шудааст, то ҳамсараш худкушӣ кунад. Аз гумонбар ва оилааш ном бурда намешавад. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 109, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз шуда... Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Узбекистон минтақаҳои "Tourist friendly" таъсис мешавад

Дар Узбекистон минтақаҳои махсуси "Tourist friendly" ё хушоянд ба сайёҳон таъсис мешавад, ки дар онҳо фаъолияти муаассисаҳои дилхушӣ ва ғизохӯрӣ шабона маҳдуд намегардад. Ба раиси Шӯрои вазирони Қароқалпоқистон ва роҳбарони вилоятҳо иҷозат дода мешавад, дар шаҳри Нуқус, маркази вилоятҳо ва дигар маконҳои барои сайёҳон ҷолиб минтақаҳои махсусро мушаххас кунанд. Дар чунин минтақаҳо фаъолияти муассисаҳои дилхушию фароғатӣ ва нуқтаҳои ғизохӯрӣ ба таври шабонарӯзӣ иҷозат дода мешавад. Дар ҳамин ҳол... Читать дальше...

Ozodi.org 

Искандари Хатлонӣ – марде аз сарзамини танҳоӣ. ВИДЕО

Искандари Хатлонӣ, шоир ва хабарнигори шинохтаи тоҷик, агар зинда мебуд, рӯзи 12-уми октябр 64-сола мешуд. Ӯ ҳаждаҳ сол қабл, дар ҳоле ки барои Радиои Озодӣ кор мекард, дар манзили иҷорааш дар Маскав ба қатл расид.

Ozodi.org 

Искандари Хатлонӣ – марде аз сарзамини танҳоӣ

Искандари Хатлонӣ, шоир ва хабарнигори шинохтаи тоҷик, агар зинда мебуд, рӯзи 12-уми октябр 64-сола мешуд. Ӯ ҳаждаҳ сол қабл, моҳи сентябри соли 2000-ум, дар манзилаш дар Маскав ба қатл расонда шуд. То кунун омилони қатли шоири тозагӯ ва хабарнигоре хушқалам, ки барои бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ва пеш аз он барои бахши форсии Би-би-сӣ гузориш медод, пайдо ва муҷозот нашудааст.

Ozodi.org 

Медали нуқра ва $25000 ҷоизаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бангладеш

​Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии ниҳоии ​мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми тиллоии Бангабанду аз тими миллии Фаластин шикаст хӯрд ва бо ҷоми хотиравӣ, медалҳои нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 25 ҳазор доллар мукофотонида шуд.


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus