Чаҳор сокини ҷавони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон баъди гузаштан аз ташхиси тиббӣ ва ваъдаи рафтан ба артиш “ғайб задаанд”. Мақомот гуфтанд, ки онҳо таҳти ҷустуҷӯ ҳастанд ва дар сурати боздошт бо ҷурми саркашӣ аз хидмат дар артиш ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.