Добавить новость
World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer


Май
2018

Новости за 21.05.2018

Ozodi.org 

Модари Ҷунайдулло Худоёров: "Наход барои ҳақгӯӣ одамро говсуд кунанд?"

Наздикони Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шудааст, аз раисҷумҳур ва мақомот тақозо доранд, то ба парвандаи ӯ холисона расидагӣ шавад.

Ozodi.org 

Помпео: Нисбати Эрон "шадидтарин таҳримҳо" ҷорӣ мешавад

Майк Помпео, котиби давлатии ИМА гуфт, ки Вашингтон нисбати Эрон “шадидтарин таҳримҳоро дар таърих  ҷорӣ мекунад, ки бояд ба таври пурра ба иҷро дарояд”. Вай гуфт, ки ин таҳримҳо “агар режими Эрон тағйир наёбад, ин дардноктарин таҳрим хоҳад буд”. Ин нуктаро Котиби давлатии ИМА Майк Помпео рӯзи 21 май дар амри муаррифии стратегияи нави ИМА дар нисбати Эрон баён кард. Дар нахустин  суханронии худ баъди ба ин мақом таъин шуданаш  Помпео дар бунёди «Мерос»-и воқеъ дар Вашингтон (Heritage Foundation... Читать дальше...

Ozodi.org 

Модари Ҷунайдулло Худоёров: "Наход барои ҳақгӯӣ одамро говсуд кунанд?"ВИДЕО

Наздикони Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шудааст, аз раисҷумҳур ва мақомот тақозо доранд, то ба парвандаи ӯ холисона расидагӣ шавад.

Ozodi.org 

Имконияти таҳсили баробар барои ҳама

Имконияти таҳсили баробар барои ҳама. Таҳти ин унвон дар Душанбе бо маблағгузори чанд созмони байналмилалӣ барномаи касбомӯзии инклюзивӣ барои афроди дорои имкнияташон маҳдуд роҳандозӣ мешавад.

Ozodi.org 

Баъди се соли таваққуф: сохтмони "шаҳраки чинӣ" аз сар гирифта мешавад

Ширкати чинии “Ҳусноро-1” пас аз се соли таваққуф билохира корҳои омодагӣ ба бунёди манзилҳои баландошёнаи “шаҳраки чинӣ” дар Хуҷандро аз сар гирифт. Ин ширкат тобистони соли 2015 манзилҳои зисти заминии сокинони хиёбони Раҳмон Набиеви маркази вилояти Суғдро бо ваъдаи ин ки баъди як сол ба онҳо калиди манзилҳои нави хонаҳои бисёрошёнаро хоҳад дод, вайрон карда буд. Тӯли 3 сол ҳудуди 30 оила ба умеди манзилҳои наву замонавӣ дар хонаҳои иҷора зиндагӣ доранд. Қабл аз оғози кори ҳамвор кардани ҷои... Читать дальше...




Ozodi.org 

Ахбори Озодӣ аз 21-уми майи соли 2018

Осебдидагони сел дар Фархор интизори кумаканд, Муфтии Тоҷикистон ба сохтмоничёни Роғун барои рӯзадорӣ сабукӣ дод, Дар назди сафорати Эрон дар Душанбе тазоҳурот карданд, Дар аёлати Техас як ҷавондухтари покистонӣ қурбонӣ шуд, СММ хост, ки Маҳмадалӣ Ҳаитов озод шавад ва матолиби дигар.

Ozodi.org 

Таҳдиди нави Толибон дар Афғонистон

Толибон сокинони Кобулро таҳдид карданд, ки худро дур аз «муассисаҳои низомӣ» бидоранд, чун онҳо мехоҳанд ин муассисаҳоро бештар ҳадаф қарор диҳанд. Дар як изҳороте, ки рӯзи 21 май дар интернет нашр шуд, Толибон таҳдид карданд, ки ҳамлаҳои дарпешистода бахше аз ошӯби баҳории онҳо мебошад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Толибон хостори зарари камтар ба сокинони мулкӣ ва мавриди ҳадаф қарор додани «душмандони низомӣ» мебошад. Маълум нест, ки  манзури онҳо аз муассисаҳои низомӣ чист. Азсаргирии ҳамлаҳои баҳорӣ дар ҳолест... Читать дальше...

Ozodi.org 

Пирӯзии номзади рӯ ба Маскав дар даври аввали интихоботи шаҳрдории Кишинёв

Номзади рӯ ба Маскави ҳизби сотсиалистии Молдова дар мақоми мири шаҳри Кишинев Ион Чебан дар даври аввали интихобот рӯзи 20 май ғалаба ба даст овард. Ба фоидаи Чебан дар интихобот 41 дарсад овоз доданд. Дар мақоми дуюм бо 31 дар сади раъйҳо Андрей Нестасе, номзади ҳизби рӯ ба Аврупои «Шараф ва ҳақиқат» қарор гирифт. Чебан ва Нестасе бояд баъди ду ҳафтаи дигар барои курсии шаҳрдорӣ мубориза баранд. Дар овоздиҳии дигари шаҳраки хурдтари Балтии Ҷумҳурии Молдова, ҳамчунин як номзади рӯ ба Русия пирӯз шуд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Кудрин раиси Палатаи ҳисоби Русия шуд

Президенти Русия Владимир Путин ба баррасии Думаи давлатӣ номзадии Алексей Кудринро пешбарӣ кард, ки ба мақоми раиси Палатаи ҳисоб таъин мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти парлумони Русия хабар дод. Рӯзи 21 май Шӯрои Дума тартиби баррасии тахини Кудрин ба ин мақомро мушаххас мекунад. Кудрин дар ин мақом Татяна Голиковаро иваз мекуанд, ки бо сабаби таъин шуданаш ба мақоми муовини нахуствазир курсии раиси Палатаи ҳисобро тарк кард.   Рӯз 14 май Кудрин ба хабарнигорон гуфт, ки пешниҳоди ҳизби “Русияи воҳид”-ро қабул кард. Читать дальше...

Ozodi.org 

Помпео "харитаи дипломатии роҳ" барои Эронро муаррифӣ мекунад

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео қарор аст рӯзи 21 май стратегияи нави ИМА дар нисбати Эронро муаррифӣ кунад ва ин нахустин суханронии ӯ баъди ба ин мақом таъин шуданаш хоҳад буд. Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки Помпео қарор аст як «харитаи дипломатии роҳ» барои Эронро муаррифӣ кунад. Суханронӣ дар бунёди «Мерос»-и воқеъ дар Вашингтон (Heritage Foundation in Washington) ду ҳафта баъди эълони президент Трамп дар бораи аз созиши ҳастаӣ берун шудани Эрон садо хоҳад дод.   Созиши ҳастаӣ бо Эронро соли 2015 Чин... Читать дальше...

Ozodi.org 

Эрон аз ИА пуштибонии бештар мехоҳад

Эрон аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки барои ҳифзи шарту шурути созишномаи соли 2015, ки ин кишварро бар ивази хатми фаъолиятҳои ҳастаӣ аз таҳримҳо  озод мекунад, талоши бештаре ба харҷ диҳад. Дар як мулоқот бо комиссинери масоили энергии Иттиҳодияи Аврупо Мигуэл Ариас Канете рӯзи 20 май, вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф  гуфт, ки бо берун шудани ИМА аз ин созиш, ҷомеаи Эрон аз Иттиҳодияи Аврупо интизор дорад, ки барои ҳифзи дастовардҳои то ҳол ҳосилшуда кори бештаре анҷом диҳад. Зариф гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Сафири Эрон даргузашти Мӯъмин Қаноатро тасаллият гуфт

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон даргузашти яке аз шоҳсутунҳои адабиёти муосири тоҷик устод Мӯъмин Қаноатро тасаллият гуфтааст.  Дар паёми тасаллияти сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон  Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ аз ҷумла омадааст, "ин шоири бузург ҳаёти пурхайр ва баракаташро дар ҷиҳати эъло (баланд бардоштан) забон ва адаби муштаракамон сипарӣ намуда ва осору ёдгории арзишманди ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳавзаи густурдаи Эрони фарҳангӣ низ мавриди таваҷҷуҳ ва иқболи алоқамандони шеър ва адаб аст". Читать дальше...

Ozodi.org 

Дар Техас маросими видоъ бо Сабика Шайх баргузор шуд

Дар Техаси Амрико садҳо нафар барои ширкат дар  маросими видоъ бо як мактабхони покистонӣ Сабика Шайх омаданд. Духтаре, ки бар асоси як барномаи табодули мактабиён барои таҳсил ба ин кишвар омада буд, дар як ҳамлаи мусаллаҳона ба мактаби олӣ кушта шуд. Маросими видоъ рӯзи якшанбе дар маркази Исломии шаҳри Стаффорди Техас ва дар ҷое баргузор шуд, ки наздик ба мактаби олии Santa Fe ва макони куштор будааст. Бо сабаби ин ки духтар дар ИМА хешу табор надошт, ҷомеаи мусалмонони Техас ташкили маросими видоъро ба дӯш гирифт. Читать дальше...


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus