Добавить новость
World News in Tajik
Ria.city


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer
Май
2018

Новости за 13.05.2018

Ozodi.org 

Масҷиди Ҳоҷӣ Яъқуб – маҳалли видоъ бо Бозор Собир. ВИДЕО

Мақомоти Тоҷикистон соату маҳалли видоъ бо Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷикро эълон карданд. Хабаргузории давлатии “Ховар” навишт, ин маросим соати 11-и рӯзи 14-уми май дар масҷиди марказии Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб баргузор хоҳад шуд.

Ozodi.org 

Овозхони исроилӣ барандаи “Евровидение 2018” шуд

Исроил барандаи озмуни имсолаи “Евроведение” шуд. Бар асоси овоздиҳии телефонӣ ва интернетӣ, Нетта Барзила, овозхони исроилӣ, мақоми  аввалро ба худ ихтисос дод. Дар ин рақобат мақоми дувумро Кипр ва севумро Австрия соҳиб шуданд. Озмуни имсолаи “Евровидение” дар Лиссабон, пойтахти Португалия баргузор шуд. Юлия Самойлова, намояндаи Русия дар озмуни таронаҳои "Евровидение", ба даври ниҳоӣ роҳ наёфт. Аз соли 2004 ба ин тараф бори аввал аст, ки Русия аз иштирок дар даври ниҳоии озмун маҳрум мешавад. Читать дальше...

Ozodi.org 

Эрон ҳашт узви “Давлати исломӣ”-ро ба қатл маҳкум кард

Додгоҳи инқилоби исломии Эрон ҳашт мардро дар робита ба ҳамлаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба бинои порлумон ва оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба қатл маҳкум кард. Ин ҳукм рӯзи 13-уми май дар Теҳрон содир шуд. Мақомоти Эрон гуфтанд, ки дар ин ҳамла 18 нафари дигар муттаҳам ҳастанд. Ҳамла ба бинои порлумон ва мазори Имом Хумайнӣ моҳи июни соли гузашта сурат гирифт ва ҳаждаҳ кушта бар ҷо гузошт. Эрон мегӯяд, панҷ ҷангӯ ва маргталабе, ки дар ҷараёни муҳориба кушта шуданд, қаблан дар ҳайати гуруҳи "Давлати исломӣ" дар Ироқу Сурия буданд. Читать дальше...

Ozodi.org 

Таърихи нони 33-сола дар Тоҷикистон

Як хонавода дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон нонеро ҳифз кардаанд, ки 33 сол пеш аз Самарқанд оварда шудааст. Умаралӣ Зулфов ва ҳамсараш Матлуба Зулфова, ки ба гирдоварии ашёи қадимӣ машғуланд, ин нонро “хотирае аз шаҳри ормонҳо” медонанд.

Ozodi.org 

Ноне, ки дар Тоҷикистон ба қимати ҷон ҳифз шуд. ВИДЕО

Як хонавода дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон нонеро ҳифз кардаанд, ки 33 сол пеш аз Самарқанд оварда шудааст. Умаралӣ Зулфов ва ҳамсараш Матлуба Зулфова, ки ба гирдоварии ашёи қадимӣ машғуланд, ин нонро “хотирае аз шаҳри ормонҳо” медонанд.

Ozodi.org 

Тиллоев: “Дар боздошт аз озодӣ, ирода... ва ҳама чи маҳрум будам”

Фахриддин Тиллоев, фаъоли Ҷунбиши мардумии Узбекистон, рӯзи 12-уми май пеш аз муҳлат аз зиндон озод шуд. Ӯ ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар хориҷ ва дохили Узбекистон машғул буд ва соли 2014 бо ҷурми “қочоқи инсон” ба ёздаҳ соли зиндон маҳкум гардид. Тиллоев рӯзи 13-уми май дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори Додгоҳи олии Узбекистон пеш аз муҳлат раҳо шудааст. “Ба ман гуфтанд, ки озодӣ. Бо қарори додгоҳ ошно карда, хостанд имзо гузорам. Сипас аз зиндон берун карданд”, - гуфт Фахриддин Тиллоев. Читать дальше...

Ozodi.org 

"Ба кор ва тағйири чеҳраҳо ниёз дорем" - Як сокини Мавсил

Ироқиҳо дар интихоботи порлумонии рӯзи 12-уми май раъй доданд. Ин нахустин интихоботи порлумонӣ пас аз эълони пирӯзии Ироқ алайҳи гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” буд. Рафеъ Исмоил, яке аз сокинони шаҳри Мавсил, ки соли гузашта аз дасти ҷангҷӯёни ДИИШ озод шуд, хостори як фасли нав дар зиндагӣ ва ҳаёти сиёсӣ шуд. Ӯ гуфт, “мо ин бор тағйир мехоҳем. Мехоҳем, ҷомеаи мо рушд кунад. Ба эҷоди ҷойҳои корӣ ва тағйири чеҳраҳо ниёз дорем”. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи шанбе дар баёнияе ироқиҳоро табрик кард ва гуфт... Читать дальше...

Ozodi.org 

Меҳрона Ғайбуллоева ба даври ниҳоии “Ты супер!” роҳ наёфт

Меҳрона Ғайбуллоева, овозхони 17-солаи тоҷик, дар даври ниманиҳоии озмуни “Ты супер!” дар Русия шикаст хӯрд. Ӯ шоми 12-уми май таронаи “Я искала тебя”-и гуруҳи “A'Studio”-ро иҷро кард, вале натавонист баҳои мусбати доваронро соҳиб шавад. Аз чаҳор аъзои ҳакамон як нафар ба тарафдорӣ аз ӯ тугмаи сабзро пахш кард. Меҳрона Ғайбуллоева чунин бархӯрди  доваронро нодуруст шумурд ва бо яке аз онҳо – Игор Крутой – вориди баҳси лафзӣ ҳам шуд. Дар ҳоле ки Игор Крутой гуфт, Меҳрона натавонист ӯро тасхир созад... Читать дальше...

Ozodi.org 

Президент: ҲНИТ “пурра шиаро қабул кардагӣ аст”

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон даргирӣ дар кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Ироқу Сурия ва Яману Либияро ҷанги мазҳабӣ донист. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми май дар мулоқоти пеш аз моҳи Рамазон бо руҳониён ва мақомоту донишмандони тоҷик дар Душанбе гуфт, ин ҳақиқати ошкор аст ва “ягон ҷои махфиаш нест”. “Ва яке аз ҳадафҳои ҳизби террористии наҳзат ҳам ҳамин буд. Пурра мазҳаби шиаро қабул кардагӣ ҳастанд”, - гуфт раиси ҷумҳури Тоҷикистон. Раҳбарияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад... Читать дальше...




Ozodi.org 

Талаби истеъфои вазир ва нахуствазир дар Гурҷистон

Рӯзи шанбе дар Гурҷистон ҳазорҳо нафар ба кӯчаҳои Тифлис баромада, хостори истеъфои вазири умури дохилӣ ва нахуствазири он кишвар шуданд. Онҳо ба амалиёти зидди маводи мухаддири пулис дар ду клуби шабонаи машҳур эътироз карданд. Наздик ба ду ҳазор эътирозгар дар назди бинои порлумони Гурҷистон гирдиҳам омада, бисёриашон ба садои мусиқӣ, ки аз баландгӯҳо танин андохта буд, пойкӯбӣ мекарданд. Вазорати умури дохилии Гурҷистон гуфтааст, ҳашт тоҷири маводи мухаддирро рӯзи шанбе аз клуби шабона боздошт кардааст.


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus