Мақомоти қудратии Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми гаравгон гирифтани як ҳамватанашон боздошт кардаанд.
Хабаргузории русии ТАСС аз қавли мақомоти Русия навиштааст, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Маскав мезистанд ба шаҳри Обнински вилояти Калуга омада, як ҳамватани худро ба асорат гирифтаанд. Ному насаби боздоштшудаҳо ва ҷабрдида нашр нашудааст.
Ирина Волк, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Русия пештар хабар дода буд, ки як марди сокини шаҳри Обнинск бо нафаре дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос мешавад... Читать дальше...