ИМА дар робита ба заҳролудшавии Навалний қатъномаеро қабул кард
Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА дар робита ба қазияи заҳролудшавии мухолифи рус Алексей Навалний қатъномаеро ба тасвиб расонд. Қонунгузорони амрикоӣ аз Вашингтон даъват карданд, ки ба хотири ин қазия зидди Русия таҳрим эълом шавад. Қатъномаи қабулшуда хусусияти тавсиявӣ дорад.
Ахиран, 18 ноябр маълум шуд, ки Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) аз боз кардани парванда дар мавриди истифода шудани силоҳи кимиёӣ зидди Навалний худдорӣ кард. Бунёди мубориза бо фасоди мухолифи рус барои таҳқиқи қазияи заҳролудшавӣ ба ФСБ муроҷиат карда буд. Вале масъулони ФСБ гуфтаанд, бо таҳқиқи сабабҳои заҳролудшавӣ ниҳоди дигар машғул аст.
Вазъи сиҳатии Навалний 20 августи соли равон, ҳангоми парвоз аз шаҳри Томск ба шаҳри Москва бад шуд. Халабон ҳавопайморо дар Омск ба замин нишон ва ӯро нахуст ба бемористони маҳаллӣ ва сипас ба шаҳри Берлин интиқол доданд. Ҷонибдоронаш мегӯянд, Навалний заҳролуд карда шудааст.
Намояндаи расмии ҳукумати Олмон Штеффен Зайберт нимаи дувуми моҳи сентябр гуфт, дар бадани Навалний асари маводи кимиёии заҳролудсоз аз гуруҳи хатарноки "Новичок"-ро пайдо карданд. Бо вуҷуди он ки мақомоти рус ин иддаоро рад мекунанд, ду озмоишгоҳи мустақил дар Фаронса ва Шветсия хулосаи мутахассисони олмониро тасдиқ карданд.