Эрон дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил садҳо мушаку ҳавопаймои бесарнишин (паҳпод, дрон) сар дод ва нигарониҳоро дар мавриди авҷ гирифтани низоъ дар Ховари Миёна бештар кард. Исроил ва муттаҳидонаш гуфтанд, беш аз 300 паҳподу мушак, аз ҷумла чандин мушаки болдори Эронро дар ними роҳ аз байн бурданд.