Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Кушта шудани як хабарнигори лубнонӣ дар ҳамлаи Исроил

Нерӯҳои имдодрасони Лубнон эълон карданд, ки ҷасади Амал Халил, хабарнигори лубнонӣ, ки дар пайи як ҳамлаи ҳавоии Исроил дар ҷануби ин кишвар кушта шуда буд, рӯзи чаҳоршанбе, 22 апрел аз зери вайронаҳо берун кашида шуд.

Дафтари расонаҳои Созмони дифои шаҳрвандии Лубнон эълон кард, имдодгарон "муваффақ шуданд ҷасади Амал Халил, хабарнигори кушташударо, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ дар хонае дар шаҳри Ат-Тайри ҷон бохта буд, пайдо кунанд".

Рӯзномаи лубнонии Ал-Ахбор , ки ин хабарнигор барои он кор мекард, кушта шудани ӯро тасдиқ кардааст.

Вазорати иттилораъсони Лубнон низ бо тасдиқи хабари кушта шудани Амал Халил гуфт, ки ӯ дар ҳоли таҳияи гузориш аз минтақаҳои ҷанубӣ буд, ки "ҳадафи ҳамлаи артиши Исроил" қарор гирифт ва кушта шуд.

Онҳо ин ҳамларо нақзи қонунҳои байналмилалӣ донистанд.

Пештар мақомҳои лубнонӣ гуфта буданд, як гурӯҳи имдодрасон, ки ба гуфтаи Вазорати тандурустии ин кишвар, бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва нишони Салиби Сурх, дар ҳоли талош барои интиқоли ду хабарнигор аз маҳали ҳамлаи ҳавоии Исроил буданд, ҳадафи "оташи барқасдона"-и артиши Исроил қарор гирифтанд.

Артиши Исроил ҳадаф қарор додани рӯзноманигоронро рад карда, монеи ҷустуҷӯи гурӯҳҳои имдодӣ дар минтақа шудааст. Артиши Исроил ҳамчунин дар вокуниш гуфтааст, ки "ин ҳодисаро баррасӣ мекунад".

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus