Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Боздошти ду ҷавони тоҷик дар Филиппин барои "иқомати машкук"

Расонаҳои Филиппин аз боздошти ду зодаи Тоҷикистон дар шаҳри Маравии он кишвар, хабар додаанд.

Бино ба навиштаи вебсайтҳои хабарии GMA News ва Филстар, шаҳрвандони 21 ва 22-солаи Тоҷикистон рӯзи 17 апрел дар пайи як амалиёти муштараки Идораи муҳоҷират ва пулиси ин кишвар, дастгир шуданд.

Аз онҳо Ҷомӣ Сафаров ва Абубакр Алимов ном бурда шудаааст ва бино ба ин гузоришҳо, онҳо чанд ҳафта боз дар шаҳри Марави иқомат доштаанд.

Мақомоти Филиппин гуфтаанд, ки боздошти ин ду ҷавон дар доираи чорабиниҳои зиддитеррористӣ сурат гирифта, ҳадафи он пешгирии фаъолиятҳои ифротгароӣ аст.

Дар бораи ин ду ҷавон сокинони маҳаллӣ ба мақомот хабар дода, хостори таҳқиқи сафару иқомати онҳо ба Филиппин шудаанд.Ҳанӯз маълум нест, ки ин ду ҷавони тоҷик бо чӣ иттиҳоме боздошт шудаанд ва оё ҳузури онҳо дар ин минтақа ба гурӯҳҳои тундрав рабт дорад ё на.

Мақомоти Филиппин гуфтаанд, ки таҳқиқи қазия идома дорад.

Мавқеи худи ҷавонон ва мақомоти тоҷик дар ин бора маълум нест.

Ва низ маълум нест, ки оё онҳо бо вакили мудофеъ таъмин ҳастанд ё не.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus