Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон қаҳрамони CAFA-2026 шуд

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон зери раҳбарии Ҷаъфар Аҳмадов, ки бозии чаҳорумашро дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ -2026 бо тими Узбекистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод, бори панҷум қаҳрамони CAFA гардид.

Бозии даври охирини мусобиқа байни футболбозони навраси Узбекистону Тоҷикистон, ки 13-уми апрел дар варзишгоҳи “Дӯстлик”-и шаҳри Тошканд сурат гирифт, бидуни гол хотима ёфт.

Қаблан дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи қаҳрамонии СAFA-2026 бар тимҳои Туркманистон (5:1), Қирғизистон (4:0) ва Афғонистон (3:2) ғалаба карда буд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2026 дар варзишгоҳи “Дӯстлик”-и Тошканд бо иштироки дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон аз 6-ум то 13-уми апрел баргузор шуд.

Пас аз натиҷагирии бозиҳои панҷ даври мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 10 имтиёз (3 пирӯзӣ ва 1 мусовӣ) дар ҷадвал мақоми аввалро касб намуда, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тило сарфароз гардид.

Тими мизбон – Узбекистон – бо 8 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор гирифт ва бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Мунтахаби Қирғизистон, ки бо 6 имтиёз ҷойи сеюмро ишғол кард, соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.

Ду бозигари мунтахаби Тоҷикистон бо ҷоизаҳои инфиродӣ сарфароз шуданд. Биҳиштӣ Раҷабзод ҷоизаи "Бозигари муфидтарин" (MVP)-ро ба даст овард. Сиёвуш Назаров бошад, бо задани чаҳор гол беҳтарин нишонзан эътироф гардид.

Бояд зикр намуд, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар таърихи худ бори панҷум дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ пирӯз шуд. Аз ин пеш футболбозони навраси тоҷик солҳои 2019, 2022, 2023 ва 2025 қаҳрамони CAFA гардида буданд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus