Боздошти муовини пешини Қамчибек Тошиев
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Даниэл Рисалиев, муовини пешини раиси КДАМ ё Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишварро дастгир кардааст.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар ин бора рӯзи 13-уми апрел бо такя ба манбаъҳои худ хабар дод.
Ба иттилои манобеъ, маъмурони милиса ӯро дар вилояти Иссиқкӯл боздошт кардаанд.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳанӯз шарҳе надодааст.Ҳамзамон иттиҳоми зидди ӯ рӯшан нест.
Даниэл Рисалиев дар моҳи декабри соли 2025 муовини раиси КДАМ-и Қирғизистон таъйин шуд. Вай раёсати Маркази ҳамоҳангсозӣ барои таъмини амнияти сайберӣ ё кибернетикиро бар уҳда дошт.
Пас аз 10-уми феврали имсол ва баъди барканории Қамчибек Тошиев аз мансаби раиси КДАМ-и Қирғизистон, муовинони ӯ, аз ҷумла Даниэл Рисалев низ аз мақомҳои худ ронда шуданд.