Президенти Тоҷикистон дар паёмаш ба муносибати ҷашни Наврӯз деҳқононро ба кишти такрорӣ, гирифтани се-чор ҳосил аз заминҳои обӣ ва мардумро ба захираи дусолаи маводи ғизоӣ даъват кард. Эмомалӣ Раҳмон аз ин пеш низ чанд дафъа ба захираи дусолаи хӯрокворӣ даъват карда буд.