Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, дар робита ба кони тилои "Қумтор" наздики 20 мансабдор ба ҷавобгарӣ ҷалб шудааст. Дар ин бора вай рӯзи 28 ноябр хабар дод.
"Дар доираи ин масъала мо ду президенти пешин, чаҳор сарвазир, ду раиси порлумон, бештар аз даҳ ходими давлатӣ, дар маҷмуъ наздики 20 мақомдори баландпояро ба ҷавобгарӣ кашидем. Дар асоси ҳамин мо тавонистем, ки "Қумтор"-ро ба давлат баргардонем", - гуфт вай.
Тошиев гуфт, миёни гумонбарон сарвазири пешини Омурбек Бабанов ҳам буд. Вале айби вай исбот нашуд ва ба ин тартиб, ба ҷавобгарӣ кашида нашуд. Тошиев афзуд, ки чанде пеш Бабанов ба давлат ҳамчун кумак 1 млрд сом додааст.