Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ дод, ки низоми энергетикии ин кишвар аз 1 декабри имсол ба кори шабонарӯзӣ мегузарад.
Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 22 ноябр аз ширкати "Узбекнефтегаз" боздид карда, бо омодагии низоми энергетикии он кишвар барои мавсими зимистона шинос шудааст.
"Бо назардошти сардиҳои ғайримуқаррарӣ, ки дар ибтидои соли равон шоҳид шудем, барои баланд бардоштани иқтидори низоми энергетикӣ тадбирҳо андешида шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон афзуда, ки дар соли равон барои беҳбуд бахшидани низоми энергетикии он кишвар 14,5 триллион сӯм (беш аз 1,1 миллиард доллар) ҷудо ва ҳамаи лавозимоти зарурӣ харидорӣ шудааст.