Рӯзи 10 ноябр низоми дуҷонибаи равуои бидуни виза байни Қазоқистону Чин ба иҷро даромад. Шуруъ аз ин сана қазоқистониҳо метавонанд, бидуни дарёфти виза то 30 рӯз дар Чин қарор бигиранд.
Чиниҳо низ дар ҳамин муддат метавонанд, бидуни виза ба Қазоқистон ворид ва онҷо ҳузур ёбанд.
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон қаблан гуфта буд, ки низоми бидуни раводид ҳуқуқ ба кор, таҳсил ва ё фаъолиятҳои таблиғотиро намедиҳад.
Мақомоти ҳавопаймоии Қазоқистон гуфтанд, теъдоди парвозҳои байни ду кишвар афзудааст.
Иддае аз сокинони Қазоқистон зидди равуои бидуни виза бо Чин ҳастанд.