Додгоҳи ноҳияи Масчоҳ шаҳрвандии як зани узбектаборро бекор ва ӯро ҷарима кардааст. Шоҳидамо Аҳмадова баъди оиладор шуданаш бо зодаи Тоҷикистон, соҳиби шиноснома гардид. Баъди 12 соли оиладорӣ мақомоти маҳаллӣ ба ӯ гуфтаанд, ҳуҷҷатҳояш қалбакӣ аст. Хонаводаи зан ҳукмро ноодилона мехонанд.