Раҷабгул Сафармуродова, як зани туркмантаборро сокинони ноҳияи Носири Хусрав, байни худ “холаи тракторчӣ” меноманд. Зани 72-сола таҷрибаи беш аз 40-солаи тракторрониро дорад ва имрӯз ҳам дар шудгор ва омодасозии замин барои кишт ба фарзандонаш кӯмак мекунад.