Дар Бозиҳои XIX осиёӣ, ки аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр дар Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, варзишгарони 45 кишвари қораи Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, ширкат мекунанд. Бо ташаббуси Ӯзбекистон барои аввалин бор дар ин ҷашнвораи бузурги варзишӣ мусобиқаи гуштии кураш доир хоҳад шуд.