Дар Афғонистони ҳамсоя бо Тоҷикистон нахустин мавриди гирифторӣ ба фалаҷи атфол дар соли 2023 сабт шудааст. Ташхис дар ҷисми як тифли чаҳор сола дар Афғонистон ин вирусро ошкор кардааст.
Бино ба иттилои Камол Шоҳ, як масъули лоиҳаи ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли СММ оид ба маҳви полиомиелит дар Афғонистон, нахустин мавриди гирифторӣ, имсол дар ноҳияи Боти-Коти вилояти Нангарҳор сабт шудааст.
“Эҳтимоли паҳншавии вируси фалаҷи атфол аз вилояти Нангарҳор ё минтақаи шарқӣ ба манотиқи дигари кишвар вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, мо аз ҳамаи мардум хоҳиш мекунем, ки дар маъракае, ки рӯзи душанбеи оянда оғоз мешавад, атфоли худро воксин кунанд, то аз бемории фалаҷи атфол наҷот ёбанд." - афзуд, Камол Шоҳ.
Ягона роҳи пешгирӣ аз бемории фалаҷи атфол ё полиомиелит ин сари вақт эм кардани кӯдакон аст. Соли 2022 дар Афғонистон ду ҳолати гирифторӣ ба бемории фалаҷи атфол сабт шуда буд.
Афғонистон ва Покистон ду кишваре дар ҷаҳон ёд мешаванд,ки натавонистаанд дар решакан кардани бемории фалаҷи атфол муваффақ шаванд.
Соли гузашта Созмони ҷаҳонии тандурустии (СҶТ) аз решакан шудани фалаҷи атфол дар Тоҷикистон хабар дод ва таъкид шуд, ки маъракаи густардаи эмгузаронӣ ва бо кӯмаки донорҳои байналмилалӣ ворид шудани ваксинаҳо ба ин кишвар, дар ин кор мусоидат кардааст.
Аммо зуҳури ин беморӣ дар кишвари ҳамсоя - Афғонистон мавриди нигаронии муттахассисони тиб қарор мегирад.
СҶТ соли 2021 аз шаш мавриди гирифтории кӯдакон ба як навъи фалаҷи атфол дар Тоҷикистон хабар дода, пайдоиши онро ба навъҳои ошкоршуда дар Афғонистону Покистон рабт дода буд.