Даҳҳо сокини Исфара мегӯянд, дар муноқишаи соле пеш дар сарҳад бо Қирғизистон хонаву дари худро аз даст доданд, аммо ба ҷуз ваъда кумаке нагирифтанд. Муноқиша шаби 27 ба 28-уми январи соли 2022 рӯй дод. Дар он ҳодиса сокинони Қирғизистон ҳам зарар дидаанд.