Созмони имдодии байналмилалии “Наҷоти кӯдакон” (Save the Children) аз ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон хостааст, ки шаҳрвандони худро аз урдугоҳҳои ноамни Сурия ба ватанашон баргардонад.
Дар изҳороти созмон аз рӯзи 25-уми январ омадааст, ки Фаронса ва Ироқ ахиран садҳо шаҳрвандонашонро баргардониданд ва кишварҳои дигар ҳам бояд ин корро кунанд.
Метт Сугру, раиси барномаҳои “Наҷоти кӯдакон” дар Сурия гуфт, тахминан 7 ҳазор кӯдак дар як шароити ноамну сангин ба сар мебаранд.
Ӯ сарнавишти як кӯдаки тоҷикро намуна овардааст, ки ба қавли Метт Сугру дар урдугоҳи Ал-Ҳавл зери чархи як мошини борбар монда сахт маҷрӯҳ шудааст.
Ҷузъиёти бештари ин ҳодиса ва ё ҳуввияти кӯдак нашр намешавад. Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми панҷ соли гузашта 235 зан ва кӯдаки тоҷики оилаҳои ҷангиёни ДОИШ-ро аз Сурия ба ватан баргардонид, вале ҳамоно даҳҳо нафар, аксар кӯдакон, дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавлу Рожи Сурия боқӣ мемонанд.
Дар паноҳгоҳҳои Суряи бештар аз 500 зану кӯдаки тоҷик сабт шудааст. Занони тоҷик ҳамроҳи шавҳарони худ ба Сурияву Ироқ рафта буданд ва аксарашон куштаву бенишон шуданд.