Дар пайванд ба марги сарбоз Лутфуллои Давлатмаҳмад як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Майор З.Муродов "ба муносибати хунукназарона" (қисми яки моддаи 392-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам аст, ки ба марги сарбози қисми сарҳадбонии ноҳияи Панҷ сабаб шуда.