Қирғизистону Узбекистон нақша доранд, корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ ва мошинсозӣ таъсис диҳанд. Як мақомдори қирғизистонӣ гуфт, аз соли 2017 дар ин бора гуфтугуҳо идома доранд.
Нуродил Баясов, муовини раиси Оҷонси миллии сармоягузории Қирғизистон гуфт, шартномаи сохтмони корхона қарор аст, дар сафари президенти Узбекистон ба Қирғизистон имзо шавад.
Пештар аз ин расонаҳои Узбекистон навиштанд, корхонаи муштараке, ки дар вилояти Чуйи Қирғизистон сохта мешавад, 19 навъи нақлиёт истеҳсол хоҳад кард. Корхона солона иқтидори истеҳсоли 3000 нақлиётро хоҳад дошт.
Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Жээнбек Кулубоев рӯзи 19 январ гуфт, Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон "дар фурсатҳои наздик" ба Қирғизистон сафар хоҳад кард.