Раёсати корҳои дохилии Душанбе аз боздошти як блогери дигар хабар дод. Ин ниҳод рӯзи 17-уми январ дар хабарномае гуфт, Ҳабибулло Ҳимматзода, як блогери 21-сола "дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" саҳифаи худро кушода, пайваста ба паҳн намудани наворҳои таҳқиромезу пур аз дашном ва алфози қабеҳ машғул аст".
Назари Ҳимматзода ва наздиконаш ба иттиҳоми мақомот маълум нест. Маълум нест, ки ӯ дар саҳифаи худ дар "Инстаграм" чӣ гуфтааст. Мақомот дар ин бора ҷузъиёт надоданд. Ба иттилои расмӣ, Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ин блогерро ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.
Дар моҳҳои ахир мақомот чандин блогерро ба гуфтаашон барои истифодаи "алфози қабеҳ ва бадахлоқона" боздошт карданд. Аксари онҳо 10 то 15 рӯз дар ҳабс монданд.
Боздошти блогерон баҳсҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Як гуруҳ аз ин амалкарди мақомот тарафдорӣ карданд, аммо гуруҳи дигар онро нақзи ҳуқуқи инсон гуфтанд.