Вазорати умури дохилии Қирғизистон аз боздошти ду узви гуруҳи ҷиноие хабар додааст, ки гӯиё аз Тоҷикистон ба он кишвар маводи мухаддир интиқол медоданд.
Хадамоти матбуотии вазорат мегӯяд, аз боздоштшудаҳо беш аз 12 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.
"Рӯзи 13 январ, соати 19:00 дар назди яке аз масҷидҳои ноҳияи Сокулуқи вилояти Чуй ҳангоми кушиши фурӯши ҳашиш ду мард дастгир карда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Ин ду мард 54 ва 58 сол дошта, мехостаанд, 12 кило ва 170 грамм ҳашишро фурӯшанд. Яке аз онҳо ҳамчун узви гуруҳи муташаккили ҷиноӣ дар қайд будааст.