Намояндаи дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 6-уми январ гуфт, “дар бораи иштироки шаҳрвандон аз роҳҳои расмӣ аз Қазоқистон маълумот нагирифтем.” Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7-уми январ иштироки шаҳрвандони кишварро дар эътирозҳои Қазоқистон рад кард.