Дар Тоҷикистон мавсими тағйироти кадрӣ оғоз шуд. Муовини аввали нахуствазир ва ду вазир рӯзи панҷуми январ аз мансаб барканор шуда, баъзеи онҳо зуд ба мақоми дигар таъин гардиданд. Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфтанд, тағйироти кадрӣ бештар ба ҷойивазкунии мансабдорон табдил шудааст.