Дар Қазоқистон дар рӯзи ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои январии соли 2022 пулис чанд касро боздошт кард.
Дар шаҳри Алмато фаъолон Асет Абишев, Бибигул Имонгалиева ва Айдар Мубораков боздошт шуданд. Боздоштшудаҳо баъди чанд соати нигаҳдорӣ дар идораҳои пулиси шаҳр раҳо шуданд.
Дар шаҳри Остона дасти кам чаҳор кас боздошт шудааст.
Дар шаҳрҳои дигари Қазоқистон низ фаъолонро боздошт кардаанд.
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзи 4-уми январи соли 2022 шуруъ шуданд. Эътирозҳо нахуст зидди болоравии қимати газ буданд ва баъдтар ба талаби истеъфои ҳукумат табдил ёфтанд. Он эътирозҳо рӯзи 7-уми январ бо бенизмиҳо дар шаҳрҳои Алмато, Костанай ва дигар шаҳрҳои калони Қазоқистон ба поён расиданд.
Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 238 кас кушта шуд. Чанд ҳазори дигар боздошт шудааст. Садҳо тан аз шиканҷа шудан шикоят карданд.