Рӯзи 29-уми декабр порлумони Қирғизистон тарҳи қонунеро қабул кард, ки бар асоси он, барои дар ҳолати сархушӣ ронандагӣ кардан маҳрумсозӣ аз ҳаққи ронандагӣ барои як сол пешбинӣ мешавад.
Нурбек Абдиев, муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, ҷарима дар ҳаҷми 200 доллар натавонист, пеши роҳи дар ҳолати сархушӣ рондани нақлиётро бигирад.
Достон Бекешев, вакили порлумони Қирғизистон дар эътироз ба тағйироти нав гуфт, ки меъёрҳои нави қонунӣ мумкин аст, фасодкориро миёни нозирони бозрасии автомобилӣ бештар кунанд.
Ба иттилои вазорати дохилии Қирғизистон, дар соли 2021 дар он кишвар бештар аз 12 ҳазор мавриди дар ҳолати сархушӣ рондани нақлиёт сабт шудааст. Дар соли 2022 ин нишондод ба 13 ҳазор расидааст.