Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба порлумон аз тавлиди нерӯи барқи аз ҷиҳати экологи тоза ва таҷдиди неругоҳҳо, аз ҷумла НБО-и Норак тавсиф кард, аммо дар бораи камбуди барқ дар кишвар чизе нагуфт.
Аз фасли тирамоҳ ба ин тараф сокинони минтақаҳои Тоҷикистон аз камбуди барқ шикоят доранд. Мақомот ин ҳолатро ба таъмири хатҳои интиқоли барқ рабт доданд, аммо бархеҳо ба ин шубҳа доранд.
Эмомалӣ Раҳмон аз сокинон хост дар истифодаи барқ сарфакор бошанд. Талаби дигари раиси ҷумҳур ин буд, ки раванди ба низоми биллинги гузаштан суръат бахшида шавад. Дар ин низом сокинон маблағи барқро пешакӣ пардохт мекунанд ва баъди тамом шудани маблағ, интиқоли барқ қатъ мешавад.
Ба гуфтаи президент, ҷорӣ кардани ин низом дар бархе ноҳияҳо нишон дод, ки талафоти барқ 80-90 дарсад кам шуда, ҷамъоварии маблағ қариб ба 100 дарсад расидааст.