Қурби рубли русӣ дар як ҳафтаи ахир ба таври назаррас паст шуд. Ин хабар садҳо нафарро дар Тоҷикистон нигарон кард, чун наздикони онҳо маблағҳои худро аз Русия бо рубл мефиристанд. Таҳлилгарон инро пайомади таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав бахусус ҷорӣ кардани нархи ягона барои нафти Русия медонанд.