Дар Узбекистон мехоҳанд, онҳоеро ба ҷавобгарии маъмуриву ҷиноӣ ҷалб кунанд, ки омӯзгоронро ба меҳнати иҷборӣ вомедоранд.
Бо ин ҳадаф лоиҳаи қонун таҳия шудааст.
Дар ин бора Саида Мирзиёева, духтари президент ва ҳамзамон мудири шуъбаи робита ва сиёсати иттилоотии Дастгоҳи президенти Узбекистон хабар дод.
"Дар рӯзгори мо омӯзгор - ин хидматгор дар чорабиниҳои давлатӣ аст, корманди ройгоне аст, ки хона ба хона омор ҷамъ мекунад, боғбон аст, роҳрӯб аст, пешхидмат ва ошпаз аст, хидматгори комисияе аст, ки ба мактабҳо меравад, узви гуруҳи бахши иҷтимоӣ аст, дар чорабиниҳои дилгиркунанда толорро пур мекунад, ҷамъоварандаи қарзҳову андозҳо аст, масъули обунаи маҷбурӣ ба маҷаллаву нашрияҳо аст, навбатдори шабона ва муҳофизи мактаб аст, масъули хонаводаҳои ноустувор ва кӯдакони бетарбия аст. Мактаб куҷо мешавад, дарс куҷо мешавад, дониши кӯдакон куҷо мешавад, дар чунин шароит таҳсилро чи гуна мешавад рушд дод?", - савол додааст Саида Мирзиёева.
Айни замон маълум нест, ки тарҳи қонуни мазкур дар Узбекистон кай қабул мешавад.