Нашрияи "El Siglo de Torreon" хабар додааст, ки пулиси Мексика 7 шаҳрванди Узбекистон, панҷ мард, як зан ва як кӯдакро аз асорат озод кардааст.
Бино ба хабарҳо, узбекистониҳо, ки тавассути автобус ба Калифорнияи поёнии шимолӣ мерафтанд, барои истироҳат дар ҳудуди Гомес-Паласиои Мексика таваққуф кардаанд. Онҳо мехостанд аз инҷо ба Амрико сафар кунанд.
Аммо гуруҳи ҷиноие онҳоро гаравгон гирифта, 1200 доллари амрикоӣ талаб кардааст. Дар хабар мушаххас гуфта нашудааст, ки пулис чи гуна маълумот дар бораи гаравгонҳоро ба даст оварда, онҳоро озод кардааст.
Мақомоти Узбекистон то ҳол ин хабарро шарҳ надодаанд.