Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон қарор кард, корманди Хадамоти федеролии муҳофизати Русия майор Михаил Жилин, ки Маскав истирдоди ӯро талаб дорад, 40 рӯз дар ҳабс бимонад.
Ҳамсари Жилин дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфта, ки додгоҳ ҳукми худро онлайнӣ ва бидуни ҳузури нозирон содир кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, наздикон ва вакили дифои афсари рус ҳоло талош доранд, то аз болои қарори Раёсати ҳамоҳангсозии шуғли аҳолӣ ва барномаҳои иҷтимоии вилояти Абайи Қазоқистон, ки рӯзи 30 ноябри имсол ба Михаил Жилин мақоми паноҳандагӣ надод, шикоят баранд.
"Имрӯз додгоҳро огаҳ кардем, ки вай набояд ба ватан истирдод шавад. Зеро мо аз болои қарори радди дархости паноҳандагӣ шикоят мекунем", – афзуд ӯ.
Жилин ибтидои моҳи декабр ҳангоми кӯшиши парвоз ба Арманистон дар Остона дастгир шуд.
Михаил Жилин дар Русия масъули иртиботи ҳукуматии президент Владимир Путин бо минтақаҳо буда, ба сирҳои давлатӣ дастрасӣ дошт ва бинобар ин берун рафтани ӯ аз кишвар манъ карда шудааст.