Болат Акчулаков, вазири энержии Қазоқистон гуфт, ки Қазоқистон бо Русияву Узбекистон дар масъалаи газ ҳамкории зич дорад, аммо ташкили "иттиҳоди газ" баррасӣ нашудааст.
"Дар бораи ҳеч "иттиҳоди газ"-е мо гуфтугӯ накардем. Мо гуфтугӯҳои дуҷониба доштем. Бо Узбекистон ҳам муносибат ҳаст, зеро мо шомили як низом ҳастем: ҳам лӯлаи Осиё ва ҳам лӯлаи Бухоро-Тошканд-Бишкек-Алмато. Узбекистон дар масъалаи газ бо Русия муносибат дорад ва бо худ он масоилро ҳал мекунанд. Баъзан масъалаҳое сар мезананд, ки се кишвар бояд шинанду ҳал кунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки бояд иттиҳод ташкил шавад", - гуфт Акчулаков дар суҳбат бо расонаҳои Қазоқистон.
Охири моҳи ноябр Владимир Путин, президенти Русия дар дидор бо ҳамтои қазоқистониаш Қосимҷомарт Тоқаев пешниҳоди таъсиси "иттиҳоди газ"-ро бо Узбекистону Қазоқистону Русия кард.
Муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Роман Василенко гуфт, барои ба баррасӣ гирифтани идеяи таъсиси "иттиҳоди газ" ҳоло барвақт аст. Вай илова кард, ки Қазоқистон иҷозат намедиҳад, аз ҳудудаш барои давр задани таҳримҳо истифода шавад.
Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои шомили он низоми интиқоли газро ба мерос гирифтанд. Яке аз чунин низомҳо аз Туркманистон тавассути Узбекистон ва Қазоқистон ба Русия мерасад. Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон ҳамчунин узви лӯлае ҳастанд, ки то ба Чин мерасад.
Русия содиркунандаи бузурги газ аст.
Дар пайи тасмими даст кашидани Иттиҳоди Аврупо аз гази Русия, Маскав тасмим дорад газашро ба Чин интиқол диҳад.