Дар даҳ моҳи соли равон танҳо дар вилояти Хатлон наздик ба 4 ҳазор ақди никоҳ расман бекор карда шудааст. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 393 ҳолат зиёд будааст.
Ҳафтаномаи "Тоҷикистон" аз қавли масъулини бахши асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят навишт, аз ҳама бештар дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Кӯшониён, Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ ақди никоҳ бекор карда шудааст.
"Аз шумораи умумӣ, 2 ҳазору 528 ақди никоҳ бо қарори додгоҳ ва боқимонда бо розигии ҳамсарон ва бо аризаи яке аз онҳо бекор шудааст,"-гуфтааст манбаъ.
Мақомот мегӯянд, баъди ҷудошавии қариб 4 ҳазор хонавода дар Хатлон 3 ҳазору 490 кӯдаки ноболиғ аз тарбияи яке аз волидон маҳрум шуданд. Азҳампошии хонаводаҳо солҳои ахир дар Тоҷикистон нигарониҳои ҷиддиро ба миён овардааст. Ҳарчанд дар нишастҳои расмӣ мақомот аз барнома ва чораҷӯиҳо барои коҳиши азҳампошии оилаҳо хабар медиҳанд, аммо теъдоди чунин хонаводаҳо сол ба сол афзоиш меёбад. Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон ҳар рӯз беш аз 40 ҷуфт ва моҳе беш аз ҳазору 200 ҷуфт аз ҳам ҷудо мешаванд.