Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал имрӯз, 7-уми декабр, байни ду дастаи шаҳри Душанбе - «Соро компания» ва «Амонатбонк» - доир мегардад. Ин бозии ҳалкунанда дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон соати 19:30 оғоз меёбад.
«Соро компания», қаҳрамони Тоҷикистон, дар бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал, ки 5-уми декабр дар Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, баргузор шуд, ба дастаи «Рахш-Такси» бо ҳисоби 6:2 ғолиб гардид. Дар бозии дигари 1/2-финалӣ «Амонатбонк» дастаи «Вавилон»-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод.
Ба ин тартиб, дастаҳои «Соро компания» ва «Амонатбонк» ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2022 роҳ пайдо карданд.
Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футзал
Нимфинал
«Соро компания» – «Рахш-Такси» – 6:2
Голҳо: Муҳаммад Шарипов, 8 (1:0). Орзу Додхудоев, 11 (1:1). Дилшод Саломов, 27 (2:1). Муҳсин Муҳаммадзода, 29 (3:1). Файзалӣ Сардоров, 32 (4:1). Умед Қузиев, 35 – ба дарвозаи худ (5:1). Некрӯз Алимаҳмадов, 36 (6:1). Руслан Тиллоев, 37 (6:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Файзалӣ Сардоров («Соро компания»).
«Вавилон» – «Амонатбонк» – 1:4
Голҳо: Некрӯз Идиев, 13 (0:1). Рустам Ҳамидов, 15 (0:2). Нусратшо Исмоилов, 18 (0:3). Алишер Улмасов, 30 (1:3). Шоҳрух Ҳамидов, 36 (1:4).
Беҳтарин бозигари дидор: Рустам Ҳамидов («Амонатбонк»).
Финал
7 декабр (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:30
«Соро компания» – «Амонатбонк»
Душанбе, маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ